https://sputnik.tj/20220318/nashri-serialhoi-khoriji-afghonistontolibon-1046905074.html
Нашри сериалҳои хориҷӣ дар расонаҳои Афғонистон аз сӯйи толибон манъ шуд
Нашри сериалҳои хориҷӣ дар расонаҳои Афғонистон аз сӯйи толибон манъ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, тамоми телевизионҳоро аз пахши сериалҳои хориҷӣ манъ кард аст
2022-03-18T17:50+0500
2022-03-18T17:50+0500
2022-03-18T19:07+0500
афғонистон
толибон
сериалҳои русӣ
манъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041716163_0:168:2049:1320_1920x0_80_0_0_63fa786a2a5c0f36f969e5dd65a84469.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Бар асоси дастури Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, гурӯҳи толибон дар расонаҳои “Мобӣ групп", монанди телевизиони “Тулуъ”, "Лемар" ва бархе расонаҳои дигар аз шаби гузашта пахши сериалҳои хориҷиро манъ кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Қаблан дар Афғонистон пахши сериалҳо, таронаҳои ҳиндӣ, туркӣ ва ғайра манъ шуда буд.Нашри сериалҳои хориҷӣ дар ҳолест, ки фаъолияти синамои Афғонистон солҳо боз чандон хуб набуд, ки ҷои онро сериалҳои хориҷӣ дар телевизионҳои ин кишвар гирифтанд.Бо ин бештари расонаҳо ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, теъдоди зиёди кормандон ва тарҷумонон, ки маоши кам мегирифтанд, ихтисор хоҳанд шуд.Ёдовар мешавем, Амрико ва муттаҳидонаш дар соли 2001 бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон ба ин кишвар ҳамла карданд ва ин раванд боиси ҷанг, даргирӣ ва нобудии зербиноҳои иқтисодии Афғонистон шудаву ноамнӣ, терроризм ва тавлиди маводи мухаддир ҳам афзоиш ёфтааст.Дар ниҳоят низомиёни амрикоӣ пас аз 20 соли ишғолгарӣ авохири моҳи августи соли 2021 аз Афғонистон хориҷ шуданд.
https://sputnik.tj/20220316/eron-saforat-afghoniston-tehron-tolibon-1046847430.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041716163_32:0:2015:1487_1920x0_80_0_0_4bd04157a62adc715b852167ebaa06c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, телевизион, сериал, манъ, толибон
афғонистон, телевизион, сериал, манъ, толибон
Нашри сериалҳои хориҷӣ дар расонаҳои Афғонистон аз сӯйи толибон манъ шуд
17:50 18.03.2022 (Навсозишуда: 19:07 18.03.2022) Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар тамоми телевизионҳоро аз пахши сериалҳои хориҷӣ манъ кардааст
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Бар асоси дастури Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, гурӯҳи толибон дар расонаҳои “Мобӣ групп", монанди телевизиони “Тулуъ”, "Лемар" ва бархе расонаҳои дигар аз шаби гузашта пахши сериалҳои хориҷиро манъ кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Қаблан дар Афғонистон пахши сериалҳо, таронаҳои ҳиндӣ, туркӣ ва ғайра манъ шуда буд.
Нашри сериалҳои хориҷӣ дар ҳолест, ки фаъолияти синамои Афғонистон солҳо боз чандон хуб набуд, ки ҷои онро сериалҳои хориҷӣ дар телевизионҳои ин кишвар гирифтанд.
Бо ин бештари расонаҳо ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, теъдоди зиёди кормандон ва тарҷумонон, ки маоши кам мегирифтанд, ихтисор хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, Амрико ва муттаҳидонаш дар соли 2001 бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон ба ин кишвар ҳамла карданд ва ин раванд боиси ҷанг, даргирӣ ва нобудии зербиноҳои иқтисодии Афғонистон шудаву ноамнӣ, терроризм ва тавлиди маводи мухаддир ҳам афзоиш ёфтааст.
Дар ниҳоят низомиёни амрикоӣ пас аз 20 соли ишғолгарӣ авохири моҳи августи соли 2021 аз Афғонистон хориҷ шуданд.