Эрон вогузории сафорати Афғонистон дар Теҳрон ба толибонро рад кард

© AFP 2023 / Mohd Rasfan / Wakil KohsarКоллаж из фотографий одной локации до и после прихода к власти Талибана* в Афганистане
Коллаж из фотографий одной локации до и после прихода к власти Талибана* в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Обуна шудан
Сафорати Эрон дар Кобул хабари вогузории сафорати Афғонистон дар Теҳрон ба толибонро рад кард
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Масъулини сафорати Эрон дар Кобул ба расонаҳо хабар додааст, ки вогузории cафорати Афғонистон дар Теҳрон ба ҳукумати ҳозираи Афғонистон як иддаои нодуруст аст, ки аз сӯйи хабаргузории Фаронса матраҳ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудэй”.
Расонаи фаронсавӣ дар гузориши худ навиштааст, ки фишорҳои толибон бар дипломатҳои Афғонистон дар хориҷ афзоиш ёфтааст ва толибон ҳамчунин тавонистаанд сафирони худро дар Ӯзбекистон ва Эрон ҳам мансуб кунанд.
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Карзай: ИМА омили бадбахтии мардуми Афғонистон шудааст
Тибқи ин гузориш, ҳарчанд сафоратхонаҳои Афғонистон дар кишварҳои хориҷӣ толибонро ба расмият нашинохтаанд, аммо ин намояндагиҳо бо фишори зиёди Кобул барои пазириши дипломатҳои ҷадиди ин гурӯҳ мувоҷеҳ ҳастанд.
Ин расона навиштааст, ки наздик ба 60 сафир, консул ё руасои намояндагиҳои дипломатии Афғонистон, ки аз сӯйи ҳукумати пешин таъйин шуда буданд, ҳозир бо ҳукумати толибон ҳамкорӣ надоранд.
Лентаи хабарҳо
0