https://sputnik.tj/20220318/muhojiron-qasd-tark-rusiya-1046886200.html
Муҳоҷирони қасди тарки Русияро надоранд
Муҳоҷирони қасди тарки Русияро надоранд
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносони ширкаткунанда дар кори Форуми Санкт-Петербург мутмаинанд, ки муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ Федератсияи Русияро ба таври оммавӣ тарк нахоҳанд кард
2022-03-18T07:00+0500
2022-03-18T07:00+0500
2022-03-18T12:55+0500
дар тоҷикистон
дар русия
муҳоҷират
кор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/11/1046875835_0:274:3155:2048_1920x0_80_0_0_279e4c7f9a2f68886e7584531efb377f.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Бар асоси таҳримҳои соли 2022, хуруҷи густурдаи муҳоҷирони кишварҳои ИДМ аз Русия дар назар нест.Дар ин бора мудири созмони ҷамъиятии минтақаии "Маркази пажуҳишҳои муҳоҷират" Дмитрий Полетаев дар Форуми байналмилалии меҳнат дар Санкт-Петербург иттилоъ дод."Масалан, чунин соҳае ба мисли сохтмон минбаъд низ ба муҳоҷирони корӣ эҳтиёҷ хоҳад дошт ва таъсири таҳримҳои ҷорӣ ба он дар Русия он қадар назаррас нахоҳад буд", — таъкид кард Полетаев.Раиси Комиссияи доимии сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи башари Маҷмаи парлумонии ИДМ, раиси Кумитаи умури иҷтимоӣ ва ҳифзи саломатии порлумони Тоҷикистон Сумангул Тағойзода гуфт, муҳоҷират ба иқтисоди ҳар ду кишвари мизбон ва кишварҳои ирсолкунандаи коргарони муҳоҷир таъсири бузург дорад.Барои ҷилавгирӣ аз хуруҷи муҳоҷирон аз ин кишвар Русия усулҳои нави дастгирии коргарони навомадро таҳия мекунад. Ба гуфтаи Дмитрий Чернейко, раиси Кумитаи кор ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург, барои мисол, дар шаҳри Санкт-Петербург муҳлати таҳияи асноди муҳоҷироне, ки барои нахустин бор ба Федератсияи Русия сафар кардаанд, мумкин аст, аз 30 ба 14 рӯз коҳиш ёбад. Барои онҳое, ки дубора меоянд, ин раванд то 5-7 рӯз кам мешавад.Илова бар ин талаботи Федератсияи Русия аз муҳоҷирин дар зимни таҳияи аснод барои дарёфти муҷаввизи иқомату кор бештар шудааст, ки он сабти изи ангушт, аксбардорӣ ва муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷиро шомил мешавад, аммо зимнан аз 1 марти соли 2022 коронавирус аз рӯйхати бемориҳои хатарнок ҳазф шудааст.Замимаи нави мобилии "Забота" низ ба кор даромад, ки ба хориҷиён барои зуд ба ҷомеаи Русия одат кардан кумак мекунад.Навоварии дигар гузинаи озмоишии корти электронии муҳоҷирони корӣ мебошад. Зиёда аз 80% дорандагони чунин кортҳо аллакай аз рӯи он маоши расмӣ мегиранд.Ёдовар мешавем, ки Форуми VI байналмилалии меҳнат аз 14 то 19 март дар Санкт-Петербург баргузор мешавад. Мавзуъҳои асосӣ тағйироти охирин дар бозори меҳнат ва ташаккули феҳристи ягонаи меҳнат дар байни кишварҳои ИДМ мебошанд.Дар ин ҳамоиш намояндагони Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат мекунанд.
https://sputnik.tj/20220313/taghyir-qoida-sabt-muhojiron-kazakova-1046760089.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/11/1046875835_30:0:2761:2048_1920x0_80_0_0_00c8fffd4fe84ee5bd1c7880af3c3eae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷирон қасд тарк русия
муҳоҷирон қасд тарк русия
Муҳоҷирони қасди тарки Русияро надоранд
07:00 18.03.2022 (Навсозишуда: 12:55 18.03.2022) Коршиносони ширкаткунанда дар кори форуми Санкт-Петербург мутмаинанд, ки муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ Федератсияи Русияро ба таври ҷамъӣ тарк нахоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Бар асоси таҳримҳои соли 2022, хуруҷи густурдаи муҳоҷирони кишварҳои ИДМ аз Русия дар назар нест.
Дар ин бора мудири созмони ҷамъиятии минтақаии "Маркази пажуҳишҳои муҳоҷират" Дмитрий Полетаев дар Форуми байналмилалии меҳнат дар Санкт-Петербург иттилоъ дод.
"Масалан, чунин соҳае ба мисли сохтмон минбаъд низ ба муҳоҷирони корӣ эҳтиёҷ хоҳад дошт ва таъсири таҳримҳои ҷорӣ ба он дар Русия он қадар назаррас нахоҳад буд", — таъкид кард Полетаев.
Раиси Комиссияи доимии сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи башари Маҷмаи парлумонии ИДМ, раиси Кумитаи умури иҷтимоӣ ва ҳифзи саломатии порлумони Тоҷикистон Сумангул Тағойзода гуфт, муҳоҷират ба иқтисоди ҳар ду кишвари мизбон ва кишварҳои ирсолкунандаи коргарони муҳоҷир таъсири бузург дорад.
"Идораи муассири муҳоҷират метавонад ба ҳамаи ҷонибҳои дар ин раванд иштирокдошта натиҷаи мусбат диҳад", - гуфт Тағойзода.
Барои ҷилавгирӣ аз хуруҷи муҳоҷирон аз ин кишвар Русия усулҳои нави дастгирии коргарони навомадро таҳия мекунад.
Ба гуфтаи Дмитрий Чернейко, раиси Кумитаи кор ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург, барои мисол, дар шаҳри Санкт-Петербург муҳлати таҳияи асноди муҳоҷироне, ки барои нахустин бор ба Федератсияи Русия сафар кардаанд, мумкин аст, аз 30 ба 14 рӯз коҳиш ёбад. Барои онҳое, ки дубора меоянд, ин раванд то 5-7 рӯз кам мешавад.
Илова бар ин талаботи Федератсияи Русия аз муҳоҷирин дар зимни таҳияи аснод барои дарёфти муҷаввизи иқомату кор бештар шудааст, ки он сабти изи ангушт, аксбардорӣ ва муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷиро шомил мешавад, аммо зимнан аз 1 марти соли 2022 коронавирус аз рӯйхати бемориҳои хатарнок ҳазф шудааст.
Замимаи нави мобилии "Забота" низ ба кор даромад, ки ба хориҷиён барои зуд ба ҷомеаи Русия одат кардан кумак мекунад.
Навоварии дигар гузинаи озмоишии корти электронии муҳоҷирони корӣ мебошад. Зиёда аз 80% дорандагони чунин кортҳо аллакай аз рӯи он маоши расмӣ мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми VI байналмилалии меҳнат аз 14 то 19 март дар Санкт-Петербург баргузор мешавад. Мавзуъҳои асосӣ тағйироти охирин дар бозори меҳнат ва ташаккули феҳристи ягонаи меҳнат дар байни кишварҳои ИДМ мебошанд.
Дар ин ҳамоиш намояндагони Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат мекунанд.