https://sputnik.tj/20220313/taghyir-qoida-sabt-muhojiron-kazakova-1046760089.html
Пешниҳоди тағйири қоидаи сабти номи муҳоҷирон: Шарҳи Казакова
Пешниҳоди тағйири қоидаи сабти номи муҳоҷирон: Шарҳи Казакова
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадаф аз тағйирот дар мавриди қайди муҳоҷирон таҳкими ҷолибияти Русия барои хориҷиён арзёбӣ шудааст
2022-03-13T17:00+0500
2022-03-13T17:00+0500
2022-03-14T12:36+0500
дар русия
муҳоҷират
сабти ном
муҳлат
лоиҳа
қонун
вазорати умури дохилаи русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0e/1032449419_0:0:2939:1654_1920x0_80_0_0_80da0c2f16431589c57819576b1f5a80.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Русия лоиҳаи тағйирот ба қонунгузорӣ дар бахши муҳоҷиратро пешниҳод кардааст. Валентина Казакова, сардори Сарраёсати умури муҳоҷирати ВУД Русия дар шарҳи тағйирот ба хабаргузории ТАСС гуфт, интизор меравад, ки муҳлати сабти номи муҳоҷирони хориҷӣ тамдид шавад. Ин дар ҳолест, ки феълан шаҳрвандони бисёре аз кишварҳо уҳдадоранд, давоми 7 рӯз баъди омаданашон ба Русия дар мақоми муҳоҷиратӣ сабти иқомат кунанд. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон ин муҳлат 15 рӯзро ташкил медиҳад. Дар сурати қабули лоиҳа интизор меравад, ки муҳлати қайди муҳоҷиратӣ барои ҳамаи хориҷиён якхела - 30 рӯз муайян карда шавад. Казакова бовар дорад, ки ба ҳамин восита метавон ҷолибии Русияро барои муҳоҷирон бештар кард. Қаблан мақомоти умури дохилии Русия хабар доданд, ки шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд тавассути портали Хадамоти давлатӣ ё замимаи мобилии он мустақилона дар маҳалли будубошашон дар Русия сабти ном шаванд. Ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар барои таъмини рӯзгору хонаводаҳояшон озими Русия мешаванд ва варақаи сабти муҳоҷиратӣ ё худ ба истилоҳ "регистратсия" аз ҳуҷҷатҳои калидие мебошад, ки ҳам корфармо ва ҳам маъмурини милиса аз хориҷиён онро талаб мекунанд.
https://sputnik.tj/20220310/namoyandagi-muhojiron-pulho-sarfakorona-istifoda-1046673422.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0e/1032449419_272:0:2767:1871_1920x0_80_0_0_b8613371914035ea2eaa2635d76acbfd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкд, муҳлат, сабт, ном, муҳоҷирон, тамдид
вкд, муҳлат, сабт, ном, муҳоҷирон, тамдид
Пешниҳоди тағйири қоидаи сабти номи муҳоҷирон: Шарҳи Казакова
17:00 13.03.2022 (Навсозишуда: 12:36 14.03.2022) Ҳадаф аз тағйирот дар мавриди қайди муҳоҷирон таҳкими ҷолибии Русия барои хориҷиён арзёбӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Русия лоиҳаи тағйирот ба қонунгузорӣ дар бахши муҳоҷиратро пешниҳод кардааст.
Валентина Казакова, сардори Сарраёсати умури муҳоҷирати ВУД Русия дар шарҳи тағйирот ба хабаргузории ТАСС гуфт, интизор меравад, ки муҳлати сабти номи муҳоҷирони хориҷӣ тамдид шавад.
"Бо лоиҳаи қонуни нав мо бархӯрди ягонаро дар муҳлати қайди муҳоҷиратии хориҷиён пешниҳод дорем. Аз ҷумла пешниҳод мегардад, ки хориҷиён давоми 30 рӯз дар макони иқоматашон худро ба қайд гиранд", - тавзеҳ дод ӯ.
Ин дар ҳолест, ки феълан шаҳрвандони бисёре аз кишварҳо уҳдадоранд, давоми 7 рӯз баъди омаданашон ба Русия дар мақоми муҳоҷиратӣ сабти иқомат кунанд. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон ин муҳлат 15 рӯзро ташкил медиҳад.
Дар сурати қабули лоиҳа интизор меравад, ки муҳлати қайди муҳоҷиратӣ барои ҳамаи хориҷиён якхела - 30 рӯз муайян карда шавад.
Казакова бовар дорад, ки ба ҳамин восита метавон ҷолибии Русияро барои муҳоҷирон бештар кард.
Қаблан мақомоти умури дохилии Русия хабар доданд, ки шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд тавассути портали Хадамоти давлатӣ ё замимаи мобилии он мустақилона дар маҳалли будубошашон дар Русия сабти ном шаванд.
Ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар барои таъмини рӯзгору хонаводаҳояшон озими Русия мешаванд ва варақаи сабти муҳоҷиратӣ ё худ ба истилоҳ "регистратсия" аз ҳуҷҷатҳои калидие мебошад, ки ҳам корфармо ва ҳам маъмурини милиса аз хориҷиён онро талаб мекунанд.