Дар Ванҷ се корманди давлатӣ аз сангрезӣ ҷароҳат бардоштанд

Камнепад в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Обуна шудан
Маҷрӯҳон кормандони КҲФ, Вазорати нақлиёт ва ҳамчунин Вазорати умури дохилӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар роҳи мошингарди Душанбе - Ванҷ - Хоруғ, дар километри 449-ум сангрезӣ сурат гирифтааст, хабар медиҳад КҲФ.
Ба иттилои ин ниҳод, сангрезӣ дар қитъаи Хехеки ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ рух додааст, ки дар натиҷа се нафар ҷароҳат бардоштаанд.

"Се нафар - кормандони шуъбаҳои ноҳиявии КҲФ, ВКД ва Вазорати нақлиёт ҷароҳат бардоштанд", - омадааст дар хабари КҲФ.

Манбаъ меафзояд, ҳар се корманди ҷароҳатбардошта феълан дар беморхона қарор доранд ва корҳои поксозии роҳ аз сангу хок идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 16 март дар километри 354-уми шоҳроҳи Дарвоз - Хоруғ сел омад, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёт дар ин масир масдуд гашт.
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Тарма дар ВМКБ як хонаро тахриб кард
Зимнан КҲФ хабар дод, ки кормандони Вазорати нақлиёт роҳро тоза кардаанд ва феълан ҳаракати нақлиёт барқарор гардидааст.
Қаблан КҲФ аз фаромадани чанд тармаву сангрезӣ дар роҳи мошингарди ВМКБ хабар дод. Аз ҷумла дар деҳаи Пашори ноҳияи Шуғнон тарма хонаи як сокини маҳаллиро пурра тахриб, як манзили дигарро қиман хароб кардааст.
Лентаи хабарҳо
0