Дар Тоҷикистон занони тоҷирро имтиёз медиҳанд

© PixabayДевушка работает за компьютером
Девушка работает за компьютером - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Обуна шудан
Вазорату идораҳои зирабт бояд лоиҳаи нави Барномаи рушди соҳибкории занон то соли 2030-ро таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод кунанд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон Барномаи рушди соҳибкорӣ миёни занон таҳия хоҳад шуд.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои машваратии беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар кишвар иттилоъ дод.
Тайи ин ҷаласа татбиқи лоиҳаҳои марбут ба рушди тиҷорати электронӣ, истифодаи воситаҳои муосири рушди соҳибкорӣ байни занону ҷавонон баррасӣ шуд.
Дар ин робита ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ супориш дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳо лоиҳаи нави Барномаи рушди соҳибкории занон то соли 2030-ро таҳия ва ба ҳукумати кишвар пешниҳод кунанд.
Банковская карта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Дастури Раҳмон барои гузариш аз савдо бо пули нақд ба тиҷорати электронӣ
Ғайр аз ин Бунёди дастгирии инноватсия ва барномаҳои нав миёни ҷавонон, ки аз ҳисоби маблағгузорӣ ташкил карда мешаванд, ба нақша гирифта шудааст.
Бо ин мақсад дастур дода шуд, ки масъалаҳои марбут ба такмили минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ дар байни ҷавононро ҳамаҷониба таҳлил карда, баъд аз он натиҷааш бо тавсияву пешниҳодҳои мушаххас барои ҷаласаҳои минбаъдаи шӯро пешниҳод карда шавад.
Масъалаи пеш аз муҳлат таҳия ва қабули Қонун "Дар бораи тиҷорати электронӣ" низ ба миён гузошта шуд.
Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки лоиҳаи стратегияи рушди ин соҳаро таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод намояд.
Лентаи хабарҳо
0