“Марг”-и коронавирус гардишгариро дар Тоҷикистон умри дубора мебахшад?

© © Sputnik / Амир ИсаевМузей Гиссарского заповедника
Музей Гиссарского заповедника - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Обуна шудан
Пандемияи COVID-19 ба иқтисоди ҷаҳонӣ зарари бузург расонд. Тибқи иттилои СММ, қоҳиши 70-дарсадии ММД-и ҷаҳон бархоста аз бохтҳои бахши гардишгарӣ аст
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Тибқи иттилои СММ, пеш аз пандемия, дар соли 2019 дар ҷаҳон 1,5 миллиард сафари байналмилалӣ анҷом мешуд ва бахши гардишагӣ ҳафт дарсади ММД-и ҷаҳонро таъмин мекард, аммо дар натиҷаи буҳрони зикршуда тамоми бахши гардишгарӣ ба мушкил рӯ ба рӯ шуд.
Мутаассифона, Тоҷикистон аз ин буҳрон дар канор намонд. Бахши гардишгарӣ ё туризм дар Тоҷикистон, ки яке аз авлавиятҳои рушди иқтисод дониста мешавад, ​ба далели густариши бемории COVID-19 осеби ҷиддӣ дид.

Буҳрони пандемия ва коҳиши сайёҳон

Соли гузашта Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ дар бораи коҳиши сайёҳони хориҷӣ хабар дода буд.
Ин ниҳод мегуфт, гардиши сайёҳони хориҷӣ қариб 60% коҳиш ёфтааст.

"Ҳамин тавр дар нимсолаи аввали соли равон ба кишвар 125,3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ташриф оварданд, Ин дар навбати худ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 59% камтар аст", - мегӯяд ин ниҳод.

Тоҷикистон пештар барои рушди соҳа ва инфрасохтори он 30 миллион доллар аз Бонки Ҷаҳонӣ ва 10 миллион доллар аз Бонки Осиёии Рушд грант гирифта буд.
Ин маблағҳо ба татбиқи лоиҳаҳои "Рушди иқтисодиёт" ва "Рушди туризм" ихтисос ёфтанд.
Дар ҳамин ҳол соли гузашта новобаста аз паҳншавии вируси корона наздик ба 300 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон боздид карданд.
Горный турист - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Коршинос рушди сайёҳӣ дар ИДМ-ро пешгӯӣ кард
Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон гуфта буд, ки дар кишвар барои баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ дар бахши сайёҳӣ 290 субъекти сайёҳӣ фаъолияти густурда дорад.
Оқои Ҷӯразода гуфт, дар маҷмуъ 182 меҳмонхона, 30 адад ҳостел ва мотелҳо, 50 осоишгоҳ ва дигар марказҳои солимгардонӣ, муолиҷавӣ ва истироҳатӣ, кемпингҳо ва чор адад пойгоҳи сайёҳию истироҳатӣ ба сайёҳон хидмат мерасонанд.

Рушди сайёҳӣ — омили пешравии ҷомеа

Тавре Амирбекзода Ҳабибулло, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, ки имрӯзҳо дар шаҳри Маскав бо намояндагони чаҳор ширкати гардишгарӣ қарор дорад ва дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии MITT-2022 зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад, мегӯяд, мақомот талош менамоянд, бо пешрафти бахши гардишгарӣ сатҳи зиндагии мардумро низ боло баранд.
© Sputnik Амирбекзода Хабибулло, первый заместитель Комитета по развитию туризма РТ
Амирбекзода Хабибулло, первый заместитель Комитета по развитию туризма РТ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Амирбекзода Хабибулло, первый заместитель Комитета по развитию туризма РТ
Вай гуфт, ҳоло ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ барои ҳарчи бештар омода будан дар ин бахш тамоми чораҳоро андешида истодааст.

“Аз беҳтар намудани сатҳи хидматрасонӣ то сохтмони меҳмонхонаву роҳҳои нави сайёҳӣ. Ҳамчунин мо хатсайрҳои хубтару беҳтар омода кардем”, - мегӯяд оқои Амирбекзода.

Вай афзуд, дар давоми чанд соле, ки коронавирус паҳну роҳҳо баста шуданд, мақомоти кишвар ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар дохили Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Ҳамчунин мақомот дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ сатҳи хидматрасонӣ ва омодагии мутахассисони соҳавиро беҳтар намуданд.

“Имрӯз Тоҷикистон барои қабули меҳмонони хориҷӣ дар сатҳи болотар омодааст ва мо бовар дорем, бо бозшавии сарҳадҳо меҳмонони хориҷӣ ба Тоҷикистон бештар меоянд”, - афзуд номбурда.

Ин мақомдори тоҷик дар суҳбат бо мо гуфт, кӯҳистонӣ будани Тоҷикистон боиси ҷазби бештари гардишгарони хориҷӣ мешавад.
Ба назари ӯ, табиати зиндаи кӯҳистонии кашфношудаи кишвар, меваю хӯрокҳои миллӣ, фарҳангу таърихи миллат аз авомили муҳиме дар ҷазби сайёҳони хориҷӣ будаанд.

Ширкатҳои сайёҳӣ роҳҳои нав меҷӯянд

Ин ҳам дар ҳолест, ки ширкатҳои сайёҳӣ барои ҷалби гардишгарони хориҷӣ роҳҳои нав меҷӯянд.
Мақомот хатсайрҳои нави гардишагӣ боз ва ширкатҳо ба гардишгарон хидматрасониҳои нав пешниҳод мекунанд.
Железнодорожный знак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Азми роҳандозии тури сайёҳӣ аз тариқи қатор миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Эраҷ Муҳаммадҷонзода, роҳбари ширкати сайёҳии “Артуч”, ки барои гардишгарони хориҷӣ дар вилояти Суғд кӯҳнавардию кӯҳгардиро барномарезӣ кардааст, мегӯяд, ҳоло барои ҷалби бештари сайёҳон масири гардишгариеро миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

“Яъне гардишгари хориҷӣ имкон дорад, аз як тараф аз мавзеъҳои таърихии Ӯзбекистон дидан кунад ва сипас барои кӯҳнавардию кӯҳгардӣ ба Тоҷикистон биёяд. Онҳо бо истифода аз як барномаи сайёҳӣ аз ду кишвар диданд мекунанд”, - таъкид афзуд Муҳаммадҷонзода.

Раиси ширкатҳои сайёҳии “Артуч” рушди бахши сайёҳиро дар кӯҳгардию кӯҳнавардӣ мебинад.
© Sputnik Эраҷ Муҳаммадҷонзода, роҳбарияти ширкатҳои сайёҳии “Артуч”
Эраҷ Муҳаммадҷонзода, роҳбарияти ширкатҳои сайёҳии “Артуч” - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Эраҷ Муҳаммадҷонзода, роҳбарияти ширкатҳои сайёҳии “Артуч”
Дар баробари ин ин ширкати барои хориҷиён гардишгарии оилавӣ ва сафар аз тариқи худрав ба мавзеъҳои зебои вилоятро низ ба роҳ мондааст.
Вай гуфт, баъд аз пандемия дар Тоҷикистон ягон монеае вуҷуд надорад, ки пеши роҳи рушди бахши гардишгарӣ шавад.
Бояд қайд кард, ки тибқи қарори ҳукумат, аз 1-уми апрел то 1-уми сентябри соли 2020 ба зерсохтҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилоти хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, васоили ҳамлу нақли мусофирони байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои молиётӣ пешбинӣ шудааст. Ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ шудааст.

Сабаби рушд наёфтани бахши гардишгарӣ

Дар ҳамин ҳол Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар як таҳқиқот аз камбудҳои бахши гардишгарии Тоҷикистон гуфта буд. Ба гуфтаи ин ниҳоди молии ҷаҳонӣ, гаронии парвозҳо аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон, кам будани чунин хатсайрҳо, набудани парвоз ба вилояти Бадахшон, кам будани меҳмонхонаҳо ва хуб набудани шароити беҳдоштӣ, аз ҷумла, ҳоҷатхонаҳо аз мушкилоти аслӣ дар роҳи рушди сайёҳӣ дар кишвар будаанд.
Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Ифтитоҳи хатсайри нави гардишгарӣ: Душанбе - Файзобод - Роғун
“Мо муайян кардем, ки парвозҳо аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон дар муқоиса бо парвозҳо ба Қазоқистон ё Қирғизистон 40-45 дарсад гаронтар аст. Гузашта аз ин ба самти Бадахшон, ки минтақаи дӯстдоштаи сайёҳони хориҷӣ аст, аслан парвоз вуҷуд надорад. Аммо сайёҳон хеле ба тамошои қуллаҳои Помир аз тариқи ҳавопаймо алоқаманданд”, - таъкид кардааст Бонки Ҷаҳонӣ.
Ҳамчунин ин ниҳоди молӣ зикр карда буд, ки дар канори фароҳам кардани шароити муносиб барои будубош, рушди бахши хидматрасонӣ, ғизопазӣ ва тавлиди арғувони миллӣ барои сайёҳон аз бахшҳои дигари муҳим дар ин хусус мебошанд.
Қаблан дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ эълон шуда буд ва соли 2019 низ раисҷумҳур сесолаи рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумиро эълон кард. Ба ин хотир бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ба ширкатҳои сайёҳӣ имтиёзҳои молиётӣ доданд.
Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон 240 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунад.
Лентаи хабарҳо
0