Ифтитоҳи хатсайри нави гардишгарӣ: Душанбе - Файзобод - Роғун

© Sputnik Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда
Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Обуна шудан
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон аз ифтитоҳи хатсайри нави гардишгарӣ хабар дод. Мақомот умедворанд, бо ифтитоҳи хатсайри нав теъдоди гардишгарони хориҷӣ афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар масири Душанбе - Файзобод – Роғун хатсайри нави сайёҳӣ ифтитоҳ ёфт, иттилоъ додааст дафтари матбуотии кумитаи мазкур.
Тибқи иттилои манбаъ, ин як қадами устувор дар рушди соҳаи сайёҳии кӯҳию варзишӣ, экологӣ, таърихию маърифатӣ, этнографӣ ва истироҳатӣ дар мамлакат ва муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон, хусусан манзараҳои нотакрору афсунгари Роғуну Файзобод мебошад.
Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон изҳори назар намуд, ки хатсайри нави сайёҳии Файзободу Роғун, ки дорои табиати нотакрор, кӯҳҳои осмонбӯс, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва имконияти зиёди сайёҳӣ мебошад, на танҳо дар рушди туризми дохилӣ, балки дар муаррифии зарфияти сайёҳии ин минтақаи кӯҳистони кишвар нақши муассир мегузорад.
Ёдрас менамоем, ки қаблан раиси Комитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон аз хисорати беш аз 174-миллиондолларии бахши сайёҳии кишвар дар соли 2020 бар асари ҳамагирии корона хабар дода буд.
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Дар Тоҷикистон шумори ширкатҳои сайёҳӣ ба 230 адад расид
Ҷӯразода гуфт, дар солҳои гузашта даромади бахши сайёҳӣ 230 - 205 миллион доллар дар сол ё 2, 5 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилиро ташкил медод, аммо дар соли 2020 милодӣ ин шохис ба як дарсад аз тавлиди нохолиси дохилӣ коҳиш ёфта ва 72, 6 миллион долларро ташкил додааст.
"Дар натиҷаи пандемия, даромади ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, пансионатҳо, тарабхонаҳо ва муассисаҳои хӯроки умумӣ, инчунин аҳолӣ, ки ба сайёҳон хидмат мерасонанд, хеле коҳиш ёфтааст”, - афзуда буд Раиси Комитати рушди сайёҳии Тоҷикистон.
Ҷӯразода ҳамчунин гуфта буд, ки соли 2020 беш аз 410 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ бо аҳдофи мухталиф вориди Тоҷикистон шудааст, ки 909 ҳазору 100 нафар ё 69 дарсад камтар аз соли 2019 будааст.
Ба гуфтаи раиси Комитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар қаламрави кишвар 224 ширкати гардишгарӣ фаъолият мекунад ва ҳич яке аз онҳо дар соли 2020 бо вуҷуди давраи душвори пандемия ва коҳиши даромад фаъолияти худро қатъ накардааст.
Лентаи хабарҳо
0