Боздошти устое, ки баъди шаробнӯшӣ духтари соҳибхонаро таҷовуз карду кушт

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина душит девушку. Иллюстративное фото
Мужчина душит девушку. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Обуна шудан
Мақомот гумонбар дар куштори духтари ноболиғ дар пойтахтро боздошт кардаанд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мардеро бо иттиҳоми куштори як духтари 14-сола боздошт кардааст.
Тибқи гузориши дафтари матбуотии ин ниҳод, дар куштори мудҳиш сокини 40-солаи пойтахт Ш.В муттаҳам дониста мешавад.
Ин ниҳод мегӯяд, муттаҳамро 9 март боздошт кардааст, аммо зимни тафтишот муайян гардидааст, ки боздоштшуда ин ҷиноятро 9 рӯз қабл аз дарёфти ҷасад, яъне 28 феврал содир кардааст.
Гуфта мешавад, соҳибхона ӯро ба ҳайси усто даъват карда, мебоист ин мард манзилро ӯ таъмир намояд.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Куштори ошиқ аз дасти маъшуқ дар Душанбе: ҳар ду соҳиби оила буданд - видео
Аммо дар натиҷаи аз меъёр зиёд нӯшидани машрубот ба ҷавондухтаре, ки дар утоқи дигар хобида буд, дастдарозӣ карда, бо роҳи буғи кардан ӯро ба ҳалокат расонидааст.
Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда сипас барои рӯпӯш кардани амалкардаш ҷасадро дар рахти хоб пинҳон кардаю фирор намудааст.
Ҳоло алайҳи боздоштшуда, парванда бо моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз гардида, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, афзудааст ВУД.
Бар асоси ин моддаи қонун, боздоштшударо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 15 то 25 сол ё ҳукми абад таҳдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0