https://sputnik.tj/20220224/kushtor-oshiq-mashuq-dushanbe-video-1046190592.html
Куштори ошиқ аз дасти маъшуқ дар Душанбе: ҳар ду соҳиби оила буданд - видео
Куштори ошиқ аз дасти маъшуқ дар Душанбе: ҳар ду соҳиби оила буданд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Муносиботи пинҳонии ду ҷавони оиладор бо марги якеву зиндонӣ шудани дигаре поён ёфт
2022-02-24T11:26+0500
2022-02-24T11:26+0500
2022-02-24T16:43+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон
вкд
куштор
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103078/01/1030780163_0:323:3067:2048_1920x0_80_0_0_b993dcb53e6272dbdca484addc67797c.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як ҷавонзанеро бо иттиҳоми куштори маъшуқааш боздошт кардааст.Тибқи гузориши телевизионии ин ниҳод, боздоштшуда Дилором Собироваи 28-сола мебошад, ки бо Давлатманд Холови 27-сола муносиботи маҳрамона доштааст.Ба иттилои манбаъ, Дилором Собирова, зодаи шаҳри Душанбе, оиладор ва Давлатманд Холов, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ низ соҳиби оила ва ду фарзанд будааст.Гуфта мешавад, ҳар ду ҷавон муносиботи маҳрамона барқарор намуда, пайваста дар хонаи Холов дидор мекардаанд.Дидори охирин ва фоҷиабори ин ду нафар шаби 15 феврал ба поён мерасад.Бинобар гузориши ВКД, дар ин шаб низ дидори ин афрод доир мегардад, аммо миёнашон муноқиша сар мезанад, ки Собирова бо корд як бор ба қафаси синаи маъшуқаш зада, бо бераҳмии махсус ӯро ба ҳалокат мерасонад.Зимни бозпурсӣ Собирова изҳор карда, ки дар пайи муноқиша кордро гирифт ва танҳо мехост, ки ошиқашро тарсонад, аммо кор бо куштани ӯ тамом шуд.Ин ниҳод сабиб муноқишаи ин ду нафарро шарҳ надодааст.ВУД мегӯяд, ҳоло нисбати боздоштшуда бо моддаи 104, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.Мавриди зикр аст, ки ин моддаи қонун маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то понздаҳ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103078/01/1030780163_247:0:2978:2048_1920x0_80_0_0_abc674bfe4f7700b001493a4d64a3058.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
куштор ошиқ маъшуқ душанбе видео
куштор ошиқ маъшуқ душанбе видео
Куштори ошиқ аз дасти маъшуқ дар Душанбе: ҳар ду соҳиби оила буданд - видео
11:26 24.02.2022 (Навсозишуда: 16:43 24.02.2022) Муносиботи пинҳонии ду ҷавони оиладор бо марги якеву зиндонӣ шудани дигаре поён ёфт
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як ҷавонзанеро бо иттиҳоми куштори маъшуқааш боздошт кардааст.
Тибқи гузориши телевизионии ин ниҳод, боздоштшуда Дилором Собироваи 28-сола мебошад, ки бо Давлатманд Холови 27-сола муносиботи маҳрамона доштааст.
Ба иттилои манбаъ, Дилором Собирова, зодаи шаҳри Душанбе, оиладор ва Давлатманд Холов, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ низ соҳиби оила ва ду фарзанд будааст.
Гуфта мешавад, ҳар ду ҷавон муносиботи маҳрамона барқарор намуда, пайваста дар хонаи Холов дидор мекардаанд.
Дидори охирин ва фоҷиабори ин ду нафар шаби 15 феврал ба поён мерасад.
Бинобар гузориши ВКД, дар ин шаб низ дидори ин афрод доир мегардад, аммо миёнашон муноқиша сар мезанад, ки Собирова бо корд як бор ба қафаси синаи маъшуқаш зада, бо бераҳмии махсус ӯро ба ҳалокат мерасонад.
Зимни бозпурсӣ Собирова изҳор карда, ки дар пайи муноқиша кордро гирифт ва танҳо мехост, ки ошиқашро тарсонад, аммо кор бо куштани ӯ тамом шуд.
Ин ниҳод сабиб муноқишаи ин ду нафарро шарҳ надодааст.
ВУД мегӯяд, ҳоло нисбати боздоштшуда бо моддаи 104, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мавриди зикр аст, ки ин моддаи қонун маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то понздаҳ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.