https://sputnik.tj/20220316/rahmon-sanjishhoi-faoliyati-subekthoi-sohibkori-moratoriy-1046855435.html
Раҳмон ҳама санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро мораторий эълон кард
Раҳмон ҳама санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро мораторий эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба иимзо расид
2022-03-16T21:00+0500
2022-03-16T21:00+0500
2022-03-16T21:33+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
соҳибкор
тиҷорат
санҷиш
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/19/1046255031_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_a52cb5449ba0a8343bd280b1c249e77b.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як фармони худ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.Тибқи фармони мазкур, аз 16 марти соли 2022 бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба тасвиб расида, дар асоси он ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон карда мешавад.Ҳамзамон тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур, мувофиқи фармони мазкур, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” қабул карда мешавад, ки он муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншударо танзим мекунад.Гуфта мешавад, ки тибқи муқаррароти Қонун дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боздошта мешавад.Аз натиҷаи татбиқи мораторий ба санҷишҳо мақоми ваколатдори давлатӣ дар умури сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мониторинги татбиқи қонунгузории мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро тибқи тартиби муқарраргардида гузаронида, аз натиҷаи он маълумоти таҳлилӣ манзур менамояд.Назорати риоя ва иҷрои қонуни мазкур бар души Прокуратураи генералӣ вогузор карда шудааст.
https://sputnik.tj/20220316/rahmon-avji-nizo-sharikon-tojikiston-kumak-1046843984.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/19/1046255031_161:0:1978:1363_1920x0_80_0_0_3746620deb3a8792142f088f68698ff7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мораторий, эмомалӣ раҳмон, соҳибкорӣ, тиҷорат, раисҷумҳур
тоҷикистон, мораторий, эмомалӣ раҳмон, соҳибкорӣ, тиҷорат, раисҷумҳур
Раҳмон ҳама санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро мораторий эълон кард
21:00 16.03.2022 (Навсозишуда: 21:33 16.03.2022) Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як фармони худ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.
Тибқи фармони мазкур, аз 16 марти соли 2022 бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба тасвиб расида, дар асоси он ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон карда мешавад.
Ҳамзамон тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур, мувофиқи фармони мазкур, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” қабул карда мешавад, ки он муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншударо танзим мекунад.
“Ҳамчунин қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкориро ҳифз менамояд”, - қайд кардааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки тибқи муқаррароти Қонун дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боздошта мешавад.
Аз натиҷаи татбиқи мораторий ба санҷишҳо мақоми ваколатдори давлатӣ дар умури сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мониторинги татбиқи қонунгузории мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро тибқи тартиби муқарраргардида гузаронида, аз натиҷаи он маълумоти таҳлилӣ манзур менамояд.
Назорати риоя ва иҷрои қонуни мазкур бар души Прокуратураи генералӣ вогузор карда шудааст.