Раҳмон аз авҷи низоъ ва гаронии нархҳо гуфта, аз шарикон кумак хост

© Дафтари матбуоти президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон муҳим хонд, ки таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди кишвар коҳиш дода шавад
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз пайомади ташаннуҷи вазъи геосиёсӣ ва авҷи низоъҳои тиҷорӣ ҳушдор дод.
Раҳмон дар ҷаласаи 22-юми Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ вазъи ҷаҳониро таҳлил карда, гуфт, мақомоти тоҷик бояд чӣ корҳоро анҷом диҳанд.
Президенти Тоҷикистон, ки дар ҳузури мақомдорони кишвару намояндагони шарикони рушд суҳбат мекард, изҳор дошт, ки шароити геосиёсӣ шиддат пайдо кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон инчунин авҷи низоъҳои тиҷоратӣ, болоравии нархи молу маҳсулот дар ҷаҳон, хусусан маводи озуқа ва сӯзишвориро тазаккур дод.
Канцлер ФРГ Олаф Шольц на пресс-конференции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Иқрори Шолтс: Оқибатҳои таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия дар ҳама ҷо эҳсос мешавад
Дар чунин шароит, ки маҳдудиятҳо дар шабакаҳои логистикии интиқоли молу маҳсулот низ ҷорӣ гардидаанд, Эмомалӣ Раҳмон аз шарикони рушд хостааст, барои кам кардани хавфҳо ба иқтисоди кишвар кумакашонро таҳким бахшанд.
Президент зарурати такмили барномаву нақшаҳо барои афзоиш додани кумакҳо дар самти кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар, дастгирии буҷети давлатӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва маблағгузорӣ ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузоронро ба миён гузоштаст.
Дар зимн ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки дар мавриди Фонди дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳои навоғозшавандаи ҷавонон пешниҳодҳоро манзур кунад.
Эмомалӣ Раҳмон ба мақомдорони кишвар дастур додааст, ки ба такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тақвияти нерӯи инсонӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва истифодаи дурусти онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир кунад.
Лентаи хабарҳо
0