Раҳмон раисҷумҳури нави Арманистонро табрик кард

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба президенти нави Арманистон сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатӣ комёбиҳо орзу кард
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Ваагн Хачатурянро ба муносибати интихоб шуданаш ба маснади Президенти Ҷумҳурии Арманистон табрик кард.
Роҳбари Тоҷикистон ба унвони Президенти Арманистон Ваагн Хачатурян барқияи табрикӣ ирсол кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Раҳмон аз авҷи низоъ ва гаронии нархҳо гуфта, аз шарикон кумак хост
Дар барқияи мазкур роҳбари Тоҷикистон ба Ваагн Хачатурянро табрику таҳнияти самимӣ ва таманниёти нек гуфтааст.
“Тоҷикистон ва Арманистонро анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда бо ҳам мепайванданд. Итминон дорам, ки муносибатҳо миёни кишварҳоямон минбаъд низ тавсеа ёфта, соҳаҳои нави ҳамкориро фаро хоҳанд гирифт. Омодаам дар ин ҷода якҷоя бо Шумо саъю талошҳои лозимаро ба харҷ диҳам”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистон ба президенти тозаинтихоби Арманистон сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатӣ комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳ, шукуфоӣ ва некӯаҳволӣ орзу намудааст.
Лентаи хабарҳо
0