https://sputnik.tj/20220315/sholts-oqibatho-tahrim-gharb-rusiya-ehsos-1046803711.html
Иқрори Шолтс: Оқибатҳои таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия дар ҳама ҷо эҳсос мешавад
Иқрори Шолтс: Оқибатҳои таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия дар ҳама ҷо эҳсос мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Садри аъзами Олмон иқрор шуд, ки оқибатҳои таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия дар тамоми ҷаҳон эҳсос мешавад
2022-03-15T09:35+0500
2022-03-15T09:35+0500
2022-03-15T12:50+0500
дар русия
украина
аврупо
олаф шолтс
буҳрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/14/1046074037_0:0:3119:1754_1920x0_80_0_0_d68b374db36c4e6066879ab88071c12c.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия фарогиранд ва онҳо дар ҳама ҷо дар ҳаёти ҳаррӯза эҳсос мешаванд, гуфт садри аъзами Олмон Олаф Шолтс."Муҳим аст, ки Иттиҳодияи Аврупо, Олмон, Иёлоти Муттаҳида ва дигар дӯстон тасмим гирифтанд, таҳримҳои хеле сахт ва ҳадафмандро пиёда кунанд. Онҳо ба он мусоидат мекунанд, ки вазъ бештар аз он ки Русия интизор буд, хароб шавад",- гуфт Шолтс дар нишасти матбуотӣ пас аз мулоқот бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон. Ба гуфтаи ӯ, оқибатҳои иқтисодии ин таҳримҳо хеле фарогиранд, онҳо дар ҳама ҷо дар ҳаёти ҳаррӯза эҳсос мешаванд, имкониятҳои рушди иқтисодии Русия дар рӯ ба рӯи хатар қарор доранд. Мо ҳама корро мекунем, ки пеш аз ҳама сулҳ ҳосил шавад ва пас аз ҷанг созишномае ба даст ояд, ки Украина аз нуқтаи назари худ, бо назардошти ҳадафҳои ояндааш имзо кунад, таъкид кардааст Шолтс. Маврид ба зикр аст, қаблан коршиносони аврупоӣ гуфта буданд, ки таҳримҳо алайҳи Русия аз домани Ғарб низ гирифтааст.Гуфта мешавад, пас аз таҳримот арзиши газу бензин ва дигар манобеи энержӣ дар Аврупо ба таври рекордӣ боло рафтааст ва ин ҳоло охири кор нест.Бузургтарин корхонаҳои саноатӣ низ бо мактуби дастаҷамъӣ аз Брюссел хостаанд, ки дар ин ҷиҳат як тасмими дуруст бигирад.Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад, аммо то кунун ҷонибҳо ба ягон дастоварди чашмрас даст наёфтаанд.
https://sputnik.tj/20220314/tahrimhoi-rusiya-iqtisod-avrupo-mekushad-1046789815.html
https://sputnik.tj/20220312/vaziri-khorija-britoniyo-ukraina-shikasti-siyosati-khoriji-1046751257.html
украина
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/14/1046074037_176:0:2907:2048_1920x0_80_0_0_f45821ddbe53d1743df96edac663dd4c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шолтс оқибатҳо таҳримҳо ғарб русия
шолтс оқибатҳо таҳримҳо ғарб русия
Иқрори Шолтс: Оқибатҳои таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия дар ҳама ҷо эҳсос мешавад
09:35 15.03.2022 (Навсозишуда: 12:50 15.03.2022) Садри аъзами Олмон иқрор шуд, ки оқибатҳои таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия дар тамоми ҷаҳон эҳсос мешавад
ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия фарогиранд ва онҳо дар ҳама ҷо дар ҳаёти ҳаррӯза эҳсос мешаванд, гуфт садри аъзами Олмон Олаф Шолтс.
"Муҳим аст, ки Иттиҳодияи Аврупо, Олмон, Иёлоти Муттаҳида ва дигар дӯстон тасмим гирифтанд, таҳримҳои хеле сахт ва ҳадафмандро пиёда кунанд. Онҳо ба он мусоидат мекунанд, ки вазъ бештар аз он ки Русия интизор буд, хароб шавад",- гуфт Шолтс дар нишасти матбуотӣ пас аз мулоқот бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон.
Ба гуфтаи ӯ, оқибатҳои иқтисодии ин таҳримҳо хеле фарогиранд, онҳо дар ҳама ҷо дар ҳаёти ҳаррӯза эҳсос мешаванд, имкониятҳои рушди иқтисодии Русия дар рӯ ба рӯи хатар қарор доранд.
Мо ҳама корро мекунем, ки пеш аз ҳама сулҳ ҳосил шавад ва пас аз ҷанг созишномае ба даст ояд, ки Украина аз нуқтаи назари худ, бо назардошти ҳадафҳои ояндааш имзо кунад, таъкид кардааст Шолтс.
Маврид ба зикр аст, қаблан коршиносони аврупоӣ гуфта буданд, ки таҳримҳо алайҳи Русия аз домани Ғарб низ гирифтааст.
Гуфта мешавад, пас аз таҳримот арзиши газу бензин ва дигар манобеи энержӣ дар Аврупо ба таври рекордӣ боло рафтааст ва ин ҳоло охири кор нест.
Бузургтарин корхонаҳои саноатӣ низ бо мактуби дастаҷамъӣ аз Брюссел хостаанд, ки дар ин ҷиҳат як тасмими дуруст бигирад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад, аммо то кунун ҷонибҳо ба ягон дастоварди чашмрас даст наёфтаанд.