Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубли русиро поин бурд

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Обуна шудан
Қурби пули Русия дар Тоҷикистон дар муқоиса бо як рӯзи пеш коҳиш ёфтааст, аммо дар қиёс бо аввали ҳафта зиёдтар мебошад
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Қурби рубли русӣ ва евро дар Тоҷикистон тайи як рӯзи охир коҳиш ёфта, арзиши доллар бетағйир боқӣ мондааст.
Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри арзномаи ҷадид хабар додааст.
Ин ниҳод арзиши 1 ҳазор рубли русӣ дар кишварро 116 сомонӣ муқаррар кардааст. Рӯзе пеш ин нишондод ба 117 сомонӣ баробар буд. Аввали ҳафта 1 ҳазор рубл муодили 111 сомонӣ буд.
Қурби евро дар ҷумҳурӣ каме боло рафта, дар сатҳи каме бештар аз 14,3 сомонӣ муқаррар гардидааст. Рӯзе пеш қурби як евро 14.2415 сомонӣ ва аввали ҳафтаи равон ба 14.2896 сомонӣ баробар буд.
Ориёнбанк в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
“Ориёнбонк”: Дар зимни сафар ба Русия бо худ пули нақд гиред
Арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон бетағйир боқӣ монда, ҳамоно дар сатҳи 13 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта шудааст.
Дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори нақд дар муассисаҳои молиявии кишвар Бонки миллӣ чунин иттилоъ додаст:
1 доллари ИМА аз 13.0000 то 13.0500 сомонӣ;
1 евро аз 14.3039 то 14.5000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1160 то 0.1210 сомонӣ.
Бонки миллӣ таъкид намудааст, ки мубодилаи асъори хориҷӣ дар берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо қатъиян манъ мебошад.
Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки дар сурати риоя нашудани талаботи мазкур афроди дастандаркор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0