Раҳмон Сардор Бердимуҳаммадовро ба Тоҷикистон даъват кард

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкПредседатель комитета по законодательству и его нормам Туркменистана Сердар Бердымухамедов
Председатель комитета по законодательству и его нормам Туркменистана Сердар Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо раҳбарони феълӣ ва тозаинтихоби Тукрманистон суҳбат кардааст
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо президенти феълии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва раҳбари тозаинтихоби ин кишвар Сардор Бердимуҳаммадов суҳбати телефонӣ анҷом додааст.
Эмомалӣ Раҳмон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедовро бо баргузории муваффақонаи интихоботи президентӣ дар ин кишвар табрик гуфтандааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин Сардор Бердимуҳаммадовро барои интихоб гардиданаш ба маснади олии давлатии Туркманистони дӯст табрику таҳният гуфта, ба ӯ сиҳатмандӣ ва дар фаъолияти давлатии сермасъулияташон комёбиҳои бузург ба нафъи рушди минбаъдаву шукуфоии Туркманистон орзу намудааст.
Сердар Бердымухаммедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Писар ба ҷойи падар: президенти нави Туркманистон эълон шуд
"Таъкид гардид, ки мардуми бародари Туркманистон таҳти роҳбарии муҳтарам Қурбонгулӣ Бердимуҳамадов дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид", - афзуд манбаъ.
Дар ин зимн Эмомалӣ Раҳмон талошҳои Бердимуҳаммадовро дар мавриди таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои созандаи ду кишвар баланд муҳим намудааст.
Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати идомаи пайвастаи муколамаи байнидавлатӣ аз рӯи ҳамаи ҷанбаҳои рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон иброз намуданд.
Дар фарҷоми суҳбат президенти Тоҷикистон ҳамтои ҳамакнун тозаинтихоби туркманаш Сардор Бердимуҳаммадовро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар фурсати барояшон муносиб даъват кардааст.
Лентаи хабарҳо
0