https://sputnik.tj/20220315/prezidenti-nav-turkmaniston-elon-1046808504.html
Писар ба ҷойи падар: президенти нави Туркманистон эълон шуд
Писар ба ҷойи падар: президенти нави Туркманистон эълон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Туркманистон исми президенти нави ин кишварро эълон карданд
2022-03-15T12:38+0500
2022-03-15T12:38+0500
2022-03-15T13:27+0500
туркманистон
сардор бердимуҳаммадов
қурбонгулӣ бердимуҳаммедов
интихобот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0e/1045831332_0:0:1476:830_1920x0_80_0_0_94035bfe031a50a72ed1ae374c8e0b43.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Писари раисҷумҳури феълии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Сардор Бердимуҳаммадов раисҷумҳури нави ин кишвар интихоб шуд.Ӯ бо дарёфти 72,97% овозҳо дар интихоботи ғайринавбатии Туркманистон ба ин мақом расид.Овоздиҳӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати раёсатҷумҳурӣ дар Туркманистон рӯзи 12 март баргузор шуд. Барои курсии олии давлатии Туркманистон 9 номзад, ки аз ҷониби се ҳизби сиёсӣ ва гурӯҳҳои ташаббускори шаҳрвандон мубориза бурданд.Тибқи Кодекси интихоботи ин кишвар, Комиссияи марказии интихоботӣ на дертар аз рӯзи ҳафтуми баъди интихобот натиҷаҳои онҳоро ҷамъбаст намуда, протокол тартиб медиҳад ва натиҷаи интихоботро эълон мекунад.Сардор Бердимуҳаммадов, аз ҷониби Ҳизби демократӣ, ки дар қудрат аст, ба курсии президентӣ пешбарӣ гардид.Ӯ қаблан гуфта буд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот сиёсати падарашро давом медиҳад.
https://sputnik.tj/20220312/berdimuhammadov-prezident-siyosat-padar-1046743676.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0e/1045831332_66:0:1378:984_1920x0_80_0_0_c2beb2517ada27883f8cb34e489ffadb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент нави туркманистон
президент нави туркманистон
Писар ба ҷойи падар: президенти нави Туркманистон эълон шуд
12:38 15.03.2022 (Навсозишуда: 13:27 15.03.2022) Дар Туркманистон исми президенти нави ин кишварро эълон карданд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Писари раисҷумҳури феълии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Сардор Бердимуҳаммадов раисҷумҳури нави ин кишвар интихоб шуд.
Ӯ бо дарёфти 72,97% овозҳо дар интихоботи ғайринавбатии Туркманистон ба ин мақом расид.
"Муовини раиси Девони Вазирони Туркманистон Сардар Қурбонгулевич Бердимуҳаммадов 72,97% ороъро касб кард", - хабар медиҳад Кумитаи маркази интихоботи ин кишвар.
Овоздиҳӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати раёсатҷумҳурӣ дар Туркманистон рӯзи 12 март баргузор шуд.
Барои курсии олии давлатии Туркманистон 9 номзад, ки аз ҷониби се ҳизби сиёсӣ ва гурӯҳҳои ташаббускори шаҳрвандон мубориза бурданд.
Тибқи Кодекси интихоботи ин кишвар, Комиссияи марказии интихоботӣ на дертар аз рӯзи ҳафтуми баъди интихобот натиҷаҳои онҳоро ҷамъбаст намуда, протокол тартиб медиҳад ва натиҷаи интихоботро эълон мекунад.
Сардор Бердимуҳаммадов, аз ҷониби Ҳизби демократӣ, ки дар қудрат аст, ба курсии президентӣ пешбарӣ гардид.
Ӯ қаблан гуфта буд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот сиёсати падарашро давом медиҳад.