https://sputnik.tj/20220315/rasonaho-amriko-mushkilzoi-zelenskiy-bayden-1046824305.html
Расонаҳои Амрико аз мушкилзоии Зеленский барои Байден мегӯянд
Расонаҳои Амрико аз мушкилзоии Зеленский барои Байден мегӯянд
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзномаи The Hill навиштааст, ки раисҷумҳури Украина бо дархости кумакаш ба роҳбари ИМА фишор меорад
2022-03-15T20:20+0500
2022-03-15T20:20+0500
2023-10-02T17:10+0500
има
дар ҷаҳон
ҷо байден
владимир зеленский
мушкилот
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/08/1032416079_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_08ec2994e6efe3f36644020ee660be2d.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ахиран аз Вашингтон дархости кумак хоҳад кард, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури ИМА наметавонад онро иҷро кунад, менависад рӯзномаи "The Hill".“Суханронии Зеленский барои раисҷумҳури Амрико мушкилот эҷод хоҳад кард. Вай ба эҳтимоли зиёд шояд аз Иёлоти Муттаҳида талаб кунад, ки фазои Украинаро мамнуъулпарвоз эълон кунад. Ҳамчунин ӯ аз Байден аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ талаб хоҳад кард”, - қайд кардааст манбаъ.Инчунин ин расона ёдрас шудааст, ки Байден мисли аксари қонунгузорони амрикоӣ мухолифи баста шудани фазо аст ва дархостҳои Киев танҳо мушкилоти ӯро афзун мекунад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳафтаи гузашта Кохи Сафед иҷоза надод, ки Лаҳистон ба Украина ҷангандаҳои МиГ-29 бидиҳад.Рӯзи чоршанбе Владимир Зеленский ният дорад, ки дар шакли маҷозӣ дар назди ҳар ду палатаи Конгресси ИМА суханронӣ кунад. Раисҷумҳури Украина дар суҳбати қаблияш бо конгресменҳо аз онҳо даъват кард, ки Русияро аз мақоми муваффақаш дар тиҷорат маҳрум кунанд ва воридоти тамоми маҳсулот аз Русияро таҳрим намоянд.Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20220315/zelenskiy-iqror-ukraina-nato-shomil--1046821691.html
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/08/1032416079_214:0:2945:2048_1920x0_80_0_0_f698dc1bab344962e10e1869226e997c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, има, амрико, владимир зеленский, фишор, ҷо байден
украина, има, амрико, владимир зеленский, фишор, ҷо байден
Расонаҳои Амрико аз мушкилзоии Зеленский барои Байден мегӯянд
20:20 15.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Рӯзномаи "The Hill" навиштааст, ки раисҷумҳури Украина бо дархости кумакаш ба роҳбари ИМА фишор меорад
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ахиран аз Вашингтон дархости кумак хоҳад кард, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури ИМА наметавонад онро иҷро кунад, менависад рӯзномаи "The Hill".
“Суханронии Зеленский барои раисҷумҳури Амрико мушкилот эҷод хоҳад кард. Вай ба эҳтимоли зиёд шояд аз Иёлоти Муттаҳида талаб кунад, ки фазои Украинаро мамнуъулпарвоз эълон кунад. Ҳамчунин ӯ аз Байден аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ талаб хоҳад кард”, - қайд кардааст манбаъ.
Инчунин ин расона ёдрас шудааст, ки Байден мисли аксари қонунгузорони амрикоӣ мухолифи баста шудани фазо аст ва дархостҳои Киев танҳо мушкилоти ӯро афзун мекунад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳафтаи гузашта Кохи Сафед иҷоза надод, ки Лаҳистон ба Украина ҷангандаҳои МиГ-29 бидиҳад.
Рӯзи чоршанбе Владимир Зеленский ният дорад, ки дар шакли маҷозӣ дар назди ҳар ду палатаи Конгресси ИМА суханронӣ кунад. Раисҷумҳури Украина дар суҳбати қаблияш бо конгресменҳо аз онҳо даъват кард, ки Русияро аз мақоми муваффақаш дар тиҷорат маҳрум кунанд ва воридоти тамоми маҳсулот аз Русияро таҳрим намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.