Раҳмон президенти тозаинтихоби Туркманистонро шодбошӣ кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Роҳбари Тоҷикистон ба президенти навтаъйини Туркманистон сиҳатмандиву некӯаҳволӣ ва ба мардуми ин сарзамин сулҳу шукуфоӣ таманно кард
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти тозаинтихоби Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов барқияи шодбошӣ ирсол кард.
Дар ин бора котиботи президенти Тоҷикистон хабар дода, мактуби ирсолнамудаи роҳбари давлатро нашр намуд.
Дар мактуб Эмомалӣ Раҳмон писари кишвардори собиқи Туркманистонро ба муносибати интихоб шуданаш ба маснади президентӣ сидқан табрик намудааст.
"Натиҷаҳои интихобот нуфузу эътибори баланди сиёсии Шумо, ҳамчунин ҷонибдории ҷомеаро аз сиёсате, ки дар кишваратон ба манзури рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии он татбиқ мегардад, пурра таъйид намуданд", - омадааст дар мактуби Эмомалӣ Раҳмон.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуд, ки муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Туркманистон ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар идома хоҳанд ёфт.
Сердар Бердымухаммедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Писар ба ҷойи падар: президенти нави Туркманистон эълон шуд
Дар фарҷом роҳбари давлат ба Сардор Бердимуҳаммадов сиҳатмандиву некӯаҳволӣ ва ба кулли мардуми Туркманистон сулҳу пешрафт таманно намуд.
Ёдовар мешавем, ки Сардор Бердимуҳаммадов бо дарёфти 72,9% ороъ дар интихоботи ғайринавбатии Туркманистон пирӯз шуд.
Овоздиҳӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати раёсатҷумҳурӣ дар Туркманистон рӯзи 12 март баргузор шуд.
Лентаи хабарҳо
0