Парвози масири Екатеринбург - Хуҷанд ба таъхир афтод: сабаб

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкСамолет Airbus A320 авиакомпании "Уральские авиалинии"
Самолет Airbus A320 авиакомпании Уральские авиалинии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Парвози мунтазами ширкати ҳавопаймоии Русия беш аз 12 соат ба таъхир афтод
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар Екатеринбург парвози ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон ба таъхир афтод, хабар медиҳанд расонаҳои минтақавӣ. Ҳавопаймо мебоист 14 март, соати 23:50 ба кишвар парвоз мекард.
Тавре дафтари матбуотии Додситонии нақлиёти Урал мегӯяд, сабаби интиқоли парвоз ба феҳристи реестри Русия гузаштани ҳавопаймо будааст.
Қобили зикр аст, ки парвози мунтазами ширкати ҳавопаймоии "Ural Airlines U6-8955", ки аз Екатеринбург ба Хуҷанд анҷом мешавад, ба таъхир афтод.
Гуфта мешавад, ки сабти номи парвоз анҷом нашудааст, мусофирон сари вақт дар бораи мавқуф гузоштани парвоз огоҳ карда шудаанд.
Пассажирский самолет в небе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Ҳукумати Русия маҳдудиятҳои парвоз ба Тоҷикистонро лағв кард
Интизор меравад, ҳавопаймо рӯзи 15 март, соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ ба Тоҷикистон парвоз кунад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 14 март раисҷумҳури Русия Владимир Путин қонунеро дар бораи имкони сабти ҳуқуқи ҳавопаймоҳои хориҷие, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ба иҷора гирифтаанд, имзо кард.
Ин ба интиқолдиҳандагон имкон медиҳад, ки дар парвозҳои дохилӣ аз ҳавопаймоҳои хориҷӣ истифода кунанд. Чунин тадбир дар посух ба таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия пас аз оғози амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс ҷорӣ шудааст.
Ширкати ҳавопаймоии S7 ҳама парвозҳояш ба Хуҷандро лағв кард
Ҳамчунин қаблан Русия маҳдудиятҳои парвозҳо ба Тоҷикистонро бар асари пандемия аз коронавирус лағв кард. Тағйирот ҳам ба парвозҳои мунтазам ва ҳам ғайримуқаррарӣ ба ин кишварҳо таъсир мерасонад.
Ҳаракати ҳавоӣ дар асоси муқаррароти созишномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ оид ба ҳаракати ҳавоӣ, инчунин созишномаҳои инфиродии байни мақомоти авиатсионии кишварҳо сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0