https://sputnik.tj/20220311/rusiya-mahdudiyat-parvoz-tojikistonro-laghv-1046708461.html
Ҳукумати Русия маҳдудиятҳои парвоз ба Тоҷикистонро лағв кард
Ҳукумати Русия маҳдудиятҳои парвоз ба Тоҷикистонро лағв кард
Sputnik Тоҷикистон
Маҳдудиятҳои парвоз, ки ба далели пандемия ҷорӣ шуда буданд, лағв гардиданд
2022-03-11T13:20+0500
2022-03-11T13:20+0500
2022-03-11T13:33+0500
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
нақлиёт
парвоз
ҳавопаймо
лағв
маҳдудият
бекор кардан
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044974979_0:66:2371:1399_1920x0_80_0_0_fadb45d1acec8b784edba425af4f79c8.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳое қарор дорад, ки Русия маҳдудиятҳои парвоз бо онҳоро бекор кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуотии "Росавиатсия", маҳдудиятҳое, ки ба далели пандемияи коронавирус роҳандозӣ гардиданд, бекор шуданд. Парвозҳои бидуни маҳдудият дар баробари Тоҷикистон, инчунин ба Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон низ амалӣ мешаванд. Таъкид шудааст, ки маҳдудиятҳо аз 9 март бо қарори Ҳукумати Русия лағв гардиданд. Ин тағйирот ҳам ба парвозҳои мунтазам ва ҳам номунтазам рабт дорад. Парвозҳо бо кишварҳои зикршуда бар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ ва дигар созишҳои мақомоти ҳавонавардии тарафайн сурат мегиранд. Дар зимн ширкатҳои ҳавонавардӣ муваззафанд, ки меъёрҳои ҷорикардаи сартабиби санитарии Русияро зимни анҷоми парвозҳо риоя намоянд, то аз паҳншавии коронавирус ҷилавгирӣ шавад. Қаблан Русия иттилоъ дода шуда буд, ки аз 14 март теъдоди парвозҳои мунтазам ба 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро зиёд мекунанд. Зикр гардид, ки Тоҷикистону Русия комилан парвозҳои ҳавоиро дар ҳаҷми пешина, то пандемия барқарор карданд ва феълан ҳафтае миёни ду кишвар то 120 парвоз анҷом мешавад.
https://sputnik.tj/20220311/faronsa-parvozho-tojikiston-omoda-1046703459.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044974979_0:0:2107:1580_1920x0_80_0_0_bdc7386e2f618aae3d20f376289e01aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, маҳдудият, парвоз
Ҳукумати Русия маҳдудиятҳои парвоз ба Тоҷикистонро лағв кард
13:20 11.03.2022 (Навсозишуда: 13:33 11.03.2022) Маҳдудиятҳои парвоз, ки ба далели пандемия ҷорӣ шуда буданд, лағв гардиданд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳое қарор дорад, ки Русия маҳдудиятҳои парвоз бо онҳоро бекор кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии "Росавиатсия", маҳдудиятҳое, ки ба далели пандемияи коронавирус роҳандозӣ гардиданд, бекор шуданд.
Парвозҳои бидуни маҳдудият дар баробари Тоҷикистон, инчунин ба Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон низ амалӣ мешаванд.
Таъкид шудааст, ки маҳдудиятҳо аз 9 март бо қарори Ҳукумати Русия лағв гардиданд. Ин тағйирот ҳам ба парвозҳои мунтазам ва ҳам номунтазам рабт дорад.
Парвозҳо бо кишварҳои зикршуда бар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ ва дигар созишҳои мақомоти ҳавонавардии тарафайн сурат мегиранд.
Дар зимн ширкатҳои ҳавонавардӣ муваззафанд, ки меъёрҳои ҷорикардаи сартабиби санитарии Русияро зимни анҷоми парвозҳо риоя намоянд, то аз паҳншавии коронавирус ҷилавгирӣ шавад.
Қаблан Русия иттилоъ дода шуда буд, ки аз 14 март теъдоди парвозҳои мунтазам ба 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро зиёд мекунанд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистону Русия комилан парвозҳои ҳавоиро дар ҳаҷми пешина, то пандемия барқарор карданд ва феълан ҳафтае миёни ду кишвар то 120 парвоз анҷом мешавад.