Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Мушовири Зеленский замони ба созиш расидани Русия ва Украинаро гуфт

© БелТА / Гузариш ба медиабонкРоссийско-украинские переговоры в Белоруссии
Российско-украинские переговоры в Белоруссии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Рӯзи душанбе музокироти навбатии Русия ва Украина тавассути конфронси видеоӣ баргузор шуд ва интизор меравад, рӯзи сешанбе низ он идома ёбад
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Алексей Арестович, мушовири раиси дафтари Владимир Зеленский бар ин назар аст, ки тавофуқи сулҳи миёни Русия ва Украина дар зудтарин фурсат, дар давоми як-ду ҳафта ва на дертар аз моҳи май ҳосил мешавад.

"Ман фикр мекунам, ки на дертар аз моҳи май ё дар авоили ин моҳ мо бояд ба эҳтимоли зиёд ба як созиш бирасем ва шояд аз ин муҳлат ҳам барвақтар созиш ҳосил шавад", - афзуд Арестович.

Даври чаҳоруми музокироти Русия ва Украина рӯзи душанбе тавассути конфронси видеоӣ баргузор шуд. Пас аз натоиҷи онҳо Михаил Подоляк, мушовири раиси дафтари Зеленский гуфт, ки таваққуфи техникӣ гирифта шудааст ва музокирот рӯзи сешанбе идома хоҳад дошт.
Встречи С. Лаврова на полях дипломатического форума в Анталье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Музокироти Русия ва Украина: натиҷаҳои мулоқоти Лавров ва Кулеба
Ҳамзамон раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский ба Рада лоиҳаи Қонун дар бораи тамдиди ҳолати ҳарбӣ барои 30 рӯзро пешниҳод кард.
Ёдовар мешавем, Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Янукович гуфт, имкони ҷилавгирӣ аз фоҷиа дар Украина вуҷуд дорад
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Лентаи хабарҳо
0