Мешков: Масъалаи тағйири режим дар Украина ҳатто матраҳ нашудааст

© Sputnik / Alexandr Kryazhev / Гузариш ба медиабонкФлаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры
Флаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Масъалаи тағйири режим дар Украина ҳатто дар ягон сатҳ баррасӣ нашудааст
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Сафири Русия дар Фаронса Алексей Мешков гуфт, масъалаи тағйири режим дар Украина ҳатто дар музокироти ҳайатҳои Маскав ва Киев матраҳ нашудааст.

“Русия ҳадафи тағйир додани режим дар Украинаро надорад, мардум бояд ояндаи худро муайян кунанд", - гуфт ӯ дар конфронси матбуотӣ дар Париж.

Даври чаҳоруми музокироти Русия ва Украина рӯзи душанбе тавассути видеоконфронс баргузор шуд. Пас аз натоиҷи он мушовири раиси дафтари Зеленский Михаил Подоляк гуфт, ки таваққуфи техникӣ гирифта шудааст ва музокирот рӯзи сешанбе идома хоҳад ёфт.
Российско-украинские переговоры в Белоруссии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Мушовири Зеленский замони ба созиш расидани Русия ва Украинаро гуфт
Қабл аз ин дар Беларус се даври музокирот баргузор шуда буд. Дар даври дувум ҷонибҳо дар мавриди таъмини муштараки долонҳои башардӯстона барои тахлияи мардуми осоишта, интиқоли маводи ғизоӣ ва доруворӣ ба тавофуқ расиданд.
Баъдан ҷониби Украина хабар дод, ки музокирот дар формати видеоӣ идома дорад ва гурӯҳҳои махсуси корӣ таъсис дода шудаанд.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомиро барои безараргардонӣ ва нозизудоии Украинаро оғоз кард.
Нерӯҳои мусаллаҳ мегӯянд, ки онҳо танҳо зерсохтҳои низомӣ ва сарбозони Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд. Аз ҳар ду ҷониб қурбониҳо ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0