Ҳушдори вазири Чин аз паёмади таҳримҳо алайҳи Русия ва пешниҳодаш барои роҳи ҳал

© REUTERS \ Jason LeeМинистр иностранных дел КНР Ван И
Министр иностранных дел КНР Ван И - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Чин изҳори бовар намудааст, ки таҳримот алайҳи Русия ҳич пайомади хубе надоранд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Буҳрони Украина натиҷаи мухолифатҳо дар бахши амният дар Аврупо мебошад, ки солҳо ташаккул ёфтаанд, изҳор дошт Ван И, вазири умури хориҷии Чин.
Ван И буҳрони Украина ва таҳримот алайҳи Русияро дар мулоқот бо ҳамтои индонезияш баррасӣ кардаст. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Чин, вазир изҳор доштааст, ки талошҳо барои коҳиши шиддатро давом медиҳаду ба музокирот мусоидат мекунад.
Дипломати аршади Чин таъкид кардааст, ягона роҳи нофаҳмии феълӣ ин музокироти баробар миёни Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва Русия мебошад.
Ӯ изҳори бовар намудааст, ки дар шароити феълӣ таҳримҳо монеи баҳогузории воқеии вазъият шуда, барои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта миёни кишварҳо халал мерасонанд.

"Таҳримҳои яктарафа танҳо вазъиятро мураккабтар месозанду мухолифатҳоро шиддат мебахшанд. Ҳамкорӣ ва машварат - ин хирадмандии сиёсию анъанаи дипломатии кишварҳои шарқӣ мебошад, ки дар амал самаранокияшро нишон дод", - афзуд Ван И.

Инчунин вазири умури хориҷии Чин муҳим хондааст, ки бесуботӣ ва ташаннуҷ дар минтақа роҳа дода нашавад.
Ӯ изҳор доштааст, ки кишварҳои кӯчаку миёна набояд василае барои мухолифатҳои абарқудратҳо гарданд.
Российско-украинские переговоры в Белоруссии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Мушовири Зеленский замони ба созиш расидани Русия ва Украинаро гуфт
Ин дар ҳолест, қаблан низ Пекин изҳор карда буд, ки ҷонибдори роҳандозии таҳрим алайҳи Русия нест.
Таҳримҳо дар вокуниш ба амалиёти низомии Русия дар Украина, ки аз 24 феврал то ҳол идома дорад, роҳандозӣ гардиданд. Маскав гуфт, ин иқдомотро бепосух нахоҳад гузошт.
Лентаи хабарҳо
0