https://sputnik.tj/20220315/chin-shtamm-nav-khatarnok-omikron-paydo-shud-1046820874.html
Дар Чин боз штамми нави хатарноктар аз омикрон пайдо шуд
Дар Чин боз штамми нави хатарноктар аз омикрон пайдо шуд
Sputnik Тоҷикистон
Навъи нави коронавирус дар Чин ва чанд кишвари дигар пайдо шуда, сатҳи доманзании ӯ аз штаммҳои қаблӣ фаъолтар аст
2022-03-15T17:54+0500
2022-03-15T17:54+0500
2022-03-15T19:49+0500
дар ҷаҳон
коронавирус
тандурустӣ
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1a/1043106787_0:157:1920:1237_1920x0_80_0_0_25ea9a649b21fd9c19ec0316918cbeee.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар Чин ва баъзе кишварҳои Аврупо ҳолатҳои сироятёбӣ ба штамми нави коронавирус, ки он таҳаввули тозае аз навъи омикрон мебошад, ба қайд гирифта шуд.Дар ин бора Вазорати тандурустии Чин хабар дод.Вазорат қайд кард, ки ташхиси ин навъ вирус хеле душвор аст, зеро аксари вақт онро бо санҷиши анъанавии ПСР муайян кардан мумкин нест. Аз ин рӯ VA.2-ро штамми "пинҳон" номидаанд. Дар ҳамин ҳол дар 24 соати ахир дар Чин дастикам 1500 нафар гирифтори ин навъ беморӣ гардиданд. Аз ҷумла дар музофоти Ҷилин тақрибан 900 нафар ба ин штамм сироят ёфтанд.Ҳамзамон ҳолатҳои нави беморӣ дар музофотҳои Шанхай ва Шинҷон низ рӯ ба афзоиш аст.Зимнан штамми VA.2 дар баъзе кишварҳои аврупоӣ низ бо суръат паҳн мешавад. Рӯзҳои охир шумораи сироятҳо дар Британияи Кабир, Белгия, Швейтсария ва Нидерландия якбора афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20220310/avrupo-shtamm-nav-koronavirus-sjb-tasdiq-1046669989.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1a/1043106787_271:0:1920:1237_1920x0_80_0_0_f1a495305b9798e6b61d7dbfdac40aea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин коронавирус
Дар Чин боз штамми нави хатарноктар аз омикрон пайдо шуд
17:54 15.03.2022 (Навсозишуда: 19:49 15.03.2022) Навъи нави коронавирус дар Чин ва чанд кишвари дигар пайдо шуда, мизони густариши он ӯ аз штаммҳои қаблӣ бештар аст
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар Чин ва баъзе кишварҳои Аврупо ҳолатҳои сироятёбӣ ба штамми нави коронавирус, ки он таҳаввули тозае аз навъи омикрон мебошад, ба қайд гирифта шуд.
Дар ин бора Вазорати тандурустии Чин хабар дод.
"Ба гуфтаи коршиносон, мизони сирояти штамми нав нисбат ба омикрон бештар аст. Ҳангоми сироят беморӣ метавонад ба мушкилиҳои нисбатан вазнин табдил ёбад. Аз ҷумла ҳолатҳои осеб дидани шуш ба қайд гирифта шудааст", - омадааст дар хабари ин ниҳод.
Вазорат қайд кард, ки ташхиси ин навъ вирус хеле душвор аст, зеро аксари вақт онро бо санҷиши анъанавии ПСР муайян кардан мумкин нест. Аз ин рӯ VA.2-ро штамми "пинҳон" номидаанд.
Дар ҳамин ҳол дар 24 соати ахир дар Чин дастикам 1500 нафар гирифтори ин навъ беморӣ гардиданд. Аз ҷумла дар музофоти Ҷилин тақрибан 900 нафар ба ин штамм сироят ёфтанд.
Ҳамзамон ҳолатҳои нави беморӣ дар музофотҳои Шанхай ва Шинҷон низ рӯ ба афзоиш аст.
Зимнан штамми VA.2 дар баъзе кишварҳои аврупоӣ низ бо суръат паҳн мешавад. Рӯзҳои охир шумораи сироятҳо дар Британияи Кабир, Белгия, Швейтсария ва Нидерландия якбора афзоиш ёфтааст.