https://sputnik.tj/20220310/avrupo-shtamm-nav-koronavirus-sjb-tasdiq-1046669989.html
Дар Аврупо штамми нави коронавирус пайдо шуд: СҶБ тасдиқ кард
Дар Аврупо штамми нави коронавирус пайдо шуд: СҶБ тасдиқ кард
Sputnik Тоҷикистон
Штамми нав дар натиҷаи таҳаввули ду навъи ахири коронавирус пайдо шуд ва сатҳи сирояти он пасттар арзёбӣ мешавад
2022-03-10T12:45+0500
2022-03-10T12:45+0500
2022-03-10T12:45+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
коронавирус
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044932610_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_4104ceacc489942d8258b368f13d5191.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Дар Аврупо як штамми нави коронавирус бо номи "Делтакрон" муайян карда шуд. Дар ин бора намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Мария вен Керховке хабар дод.Манобеи РИА Новости бо истинод ба намояндаи СҶБ менависад, ки штамми нав аллакай дар Фаронса, Ҳоллан ва Дания ошкор шуда, сатҳи сироятёбии он паст арзёбӣ мешавад.Вай қайд кард, ки коршиносони СҶБ аллакай дар ҷаласаи рӯзи 7 март пайдоиши ин навъи коронавирусро баррасӣ кардаанд.Дар ҳамин ҳол, моҳи январ як гурӯҳ олимони факултаи илмҳои биологии Донишгоҳи Кипр аз бурузи пайванди штамҳои "Делта" ва "Омикрон" хабар доданд.Аммо, СҶБ баъдан иқрор шуд, ки ин метавонад иштибоҳ бошад ва пешниҳод карданд, ки номи "Делтакрон" истифода нашавад. Маврид ба зикр аст, ки то 10 марти соли 2022 дар саросари ҷаҳон 451 742 796 нафар бо навъҳои гуногуни штаммҳои коронавирус бемор шудаанд.Дар Тоҷикистон аз 24 феврали соли равон то ҳол ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус сабт нашудааст.Мақомот: Беш аз 90%-и тоҷикистониҳо ваксина гирифтаандАз аввали бурузи ин вирус дар ҷумҳурӣ 17 388 нафар сироят шудаанд, ки аз ин миён 17 263 нафар шифо ёфта, 124 бемор ҷон аз даст доданд.
https://sputnik.tj/20220221/pizishkon-marg-giriftoron-koronavirus-1046086853.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044932610_528:0:3259:2048_1920x0_80_0_0_4077166c89d70959473a4aa4337acf8a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аврупо коронавирус штамм сҷб
аврупо коронавирус штамм сҷб
Дар Аврупо штамми нави коронавирус пайдо шуд: СҶБ тасдиқ кард
Штамми нав дар натиҷаи таҳаввули ду навъи ахири коронавирус пайдо шуд ва сатҳи сирояти он пасттар арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Дар Аврупо як штамми нави коронавирус бо номи "Делтакрон" муайян карда шуд. Дар ин бора намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Мария вен Керховке хабар дод.
Манобеи РИА Новости бо истинод ба намояндаи СҶБ менависад, ки штамми нав аллакай дар Фаронса, Ҳоллан ва Дания ошкор шуда, сатҳи сироятёбии он паст арзёбӣ мешавад.
"Делтакрон" аз таҳаввули зернамудҳои штамми "Делта" AY.4 ва "Омикрон" BA.1/BA.2 ба вуҷуд омадааст", - афзудааст Мария вен Керховке зимни як ҷаласаи СҶБ.
Вай қайд кард, ки коршиносони СҶБ аллакай дар ҷаласаи рӯзи 7 март пайдоиши ин навъи коронавирусро баррасӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, моҳи январ як гурӯҳ олимони факултаи илмҳои биологии Донишгоҳи Кипр аз бурузи пайванди штамҳои "Делта" ва "Омикрон" хабар доданд.
Аммо, СҶБ баъдан иқрор шуд, ки ин метавонад иштибоҳ бошад ва пешниҳод карданд, ки номи "Делтакрон" истифода нашавад.
Маврид ба зикр аст, ки то 10 марти соли 2022 дар саросари ҷаҳон 451 742 796 нафар бо навъҳои гуногуни штаммҳои коронавирус бемор шудаанд.
Дар Тоҷикистон аз 24 феврали соли равон то ҳол ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус сабт нашудааст.
Аз аввали бурузи ин вирус дар ҷумҳурӣ 17 388 нафар сироят шудаанд, ки аз ин миён 17 263 нафар шифо ёфта, 124 бемор ҷон аз даст доданд.