https://sputnik.tj/20220314/talab-pekin-ima-ifshoi-malumot-tashkhisgohho-ukrainaro-1046791153.html
Талаби Пекин аз ИМА барои ифшои маълумот дар бораи ташхисгоҳҳои биологӣ дар Украинаро
Талаби Пекин аз ИМА барои ифшои маълумот дар бораи ташхисгоҳҳои биологӣ дар Украинаро
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Чин аз Иёлоти Муттаҳида даъват кард, ки фаъолиятҳои низомию биологӣ дар қаламрави Украинаро шарҳ диҳад
2022-03-14T00:00+0500
2022-03-14T00:00+0500
2022-03-14T17:20+0500
дар русия
има
украина
чин
сиёсат
озмоишгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0e/1046783941_0:0:3221:1813_1920x0_80_0_0_084aee91b5883b7ead6535f1f93e0cb5.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида бояд фаъолияти низомию биологии худро дар хориҷа, аз ҷумла дар қаламрави Украина шарҳ диҳад. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин Чжао Литзян изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти низомию биологӣ дар Украина ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст. Бахусус саволҳои зиёде пас аз маълум шудани он, ки даҳҳо лабораторияҳои биологӣ дар Украина бо фармоиши вазорати дифои ИМА кор мекунанд, гуфт Чжао Литзян. "200 миллион доллар барои чӣ масраф шуд? Амрико кадом ангезандаҳоро таҳқиқ кардааст? Сафорати Амрико дар Украина тамоми асноди марбутаро аз вебсайти худ пок кардааст, онҳо чиро пинҳон карданӣ ҳастанд?" — савол гузоштааст дипломат.Қаблан вазорати дифои Русия рӯнамоие баргузор кард, ки ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки ИМА барои озмоишгоҳҳои биологӣ дар Украина беш аз 200 миллион доллар харҷ кардааст. Тамоми корҳо дар доираи барномаи биологии ҳарбии Амрико, аз он ҷумла таҷрибаҳо бо микроорганизмҳои вабо ва патогенҳои язваи сибирӣ ба амал бароварда шуданд. Дар қаламрави Украина як шабакаи беш аз 30 лабораторияи биологӣ ташкил карда шудааст, ки ба манфиати Пентагон кор мекунанд, гуфт генерал-лейтенант Игор Кириллов, сардори Қӯшунҳои радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Қувваҳои мусаллаҳи Русия. Вай гуфт, ҳама чиз барои идомаи барномаи биологии низомии ИМА аллакай пас аз оғози амалиёти махсуси низомии Русия аз Украина хориҷ карда шудааст. Русия дар робита ба далелҳои ин фаъолияти ИМА дар Украина, роҳандозии як механизми машваратӣ дар доираи Конвенсияи силоҳи биологӣ ва токсиниро истисно намекунад.
https://sputnik.tj/20220309/tahdid-ima-ukraina-biolaboratoriya-1046643605.html
има
украина
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0e/1046783941_436:0:3167:2048_1920x0_80_0_0_7b0f2fdbea9aece7156d8c640d38c467.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пекин има ифшо маълумот ташхисгоҳҳо биологӣ украинаро
пекин има ифшо маълумот ташхисгоҳҳо биологӣ украинаро
Талаби Пекин аз ИМА барои ифшои маълумот дар бораи ташхисгоҳҳои биологӣ дар Украинаро
00:00 14.03.2022 (Навсозишуда: 17:20 14.03.2022) Вазорати корҳои хориҷии Чин аз Иёлоти Муттаҳида даъват кард, ки фаъолиятҳои низомию биологӣ дар қаламрави Украинаро шарҳ диҳад
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида бояд фаъолияти низомию биологии худро дар хориҷа, аз ҷумла дар қаламрави Украина шарҳ диҳад. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин Чжао Литзян изҳор дошт.
"Агар ИМА мехоҳад самимияти фаъолияти худро исбот кунад, чаро ин озмоишгоҳҳои биологиро барои таҳқиқоти мустақили коршиносони байналмилалӣ боз накунанд?" — гуфт дипломат.
Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти низомию биологӣ дар Украина ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст. Бахусус саволҳои зиёде пас аз маълум шудани он, ки даҳҳо лабораторияҳои биологӣ дар Украина бо фармоиши вазорати дифои ИМА кор мекунанд, гуфт Чжао Литзян.
"200 миллион доллар барои чӣ масраф шуд? Амрико кадом ангезандаҳоро таҳқиқ кардааст? Сафорати Амрико дар Украина тамоми асноди марбутаро аз вебсайти худ пок кардааст, онҳо чиро пинҳон карданӣ ҳастанд?" — савол гузоштааст дипломат.
Қаблан вазорати дифои Русия рӯнамоие баргузор кард, ки ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки ИМА барои озмоишгоҳҳои биологӣ дар Украина беш аз 200 миллион доллар харҷ кардааст.
Тамоми корҳо дар доираи барномаи биологии ҳарбии Амрико, аз он ҷумла таҷрибаҳо бо микроорганизмҳои вабо ва патогенҳои язваи сибирӣ ба амал бароварда шуданд.
Дар қаламрави Украина як шабакаи беш аз 30 лабораторияи биологӣ ташкил карда шудааст, ки ба манфиати Пентагон кор мекунанд, гуфт генерал-лейтенант Игор Кириллов, сардори Қӯшунҳои радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Қувваҳои мусаллаҳи Русия.
Вай гуфт, ҳама чиз барои идомаи барномаи биологии низомии ИМА аллакай пас аз оғози амалиёти махсуси низомии Русия аз Украина хориҷ карда шудааст.
Русия дар робита ба далелҳои ин фаъолияти ИМА дар Украина, роҳандозии як механизми машваратӣ дар доираи Конвенсияи силоҳи биологӣ ва токсиниро истисно намекунад.