Ҷавонзане дар Душанбе ба фурӯши моли мардум ба манфиати худ айбдор мешавад

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкРуки в наручниках.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон як ҷавонзани сокини шаҳри Душанберо дар қаллобӣ айбдор мекунанд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Зани 28-сола дар он айбдор мешавад, ки моли мардумро фурӯхта, пулашро ба фоидаи худ сарф мекардааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 51-сола муроҷиат карда, аз қаллобии ҷавонзане шикоят кардааст.
Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки зани ҷавон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои фурӯш маҳсулоти “Парфюмерия”-и занонаро ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Таъкид шудааст, ки муттаҳам маҳсулотро фурӯхта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Избрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Сартарошхона дар Душанбе ҳадафи дуздон қарор гирифтааст
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки ӯ ягона ҷабрдида аз дасти муттаҳам нест.
Инчунин муайян шудааст, ки ҷавонзани муттаҳам бо роҳи фиреб ба боварии зани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ низ барои фурӯш матоъҳои занонаро ба маблағи 44 ҳазору 600 сомонӣ гирифтааст.
Таъкид шудааст, ки дар ин ҳолат низ гумонбар матоъҳоро фурӯхта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки Кодекси ҷиноӣ барои қаллобӣ ба миқдори махсусан калон ҷарима ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 солро муқаррар кардааст.
Лентаи хабарҳо
0