Сартарошхона дар Душанбе ҳадафи дуздон қарор гирифтааст

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкИзбрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных
Избрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Муттаҳамон дар ин ҷиноят ду марди қаблан судшуда мебошанд, ки якеаш пештар дар Русия низ барои дуздӣ гунаҳкор дониста шудааст
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Молики 44-солаи сартарошхона дар Душанбе ба милиса муроҷиат карда арз доштааст, ки дуздон ба ӯ ҳудуди 20 ҳазор сомонӣ зиён расондаанд.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, марди муроҷиаткунанда дар идораи милисаи ноҳияи Сино гуфтааст, 10-уми марти соли 2022 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба сартарошхонаи ӯ даромада, 5 роҳаткурсии устоҳоро дуздидаанд.
Инчунин муттаҳамон дурбини назоратӣ ва дигар лавозимоти сартарошхонаро низ бо худ бурдаанд.
ВУД мегӯяд, дар пайи амалиёти ҷустуҷӯӣ ду нафар боздошт гардидаанд, ки қаблан низ дар Тоҷикистону Русия суд шудаанд.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Барои таҳияи шиносномаи замин пул талаб кард: боздошти боз як корманди давлатӣ дар Вахш
Манбаъ афзуд, ки яке аз муттаҳамон марди 38-солаи сокинони Душанбе мебошад, ки пеш бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои авбошӣ ба зиндон маҳкум шудааст.
Муттаҳами дигар низ сокини 46-солаи пойтахт мебошад, ки пеш бо моддаи 158 Кодекси ҷиноятии Русия барои дуздӣ зиндонӣ шудааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан гумонбарон дар боздошт буда, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Моддаи 244-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои дуздӣ вобаста ба ҳолати содиршавии он то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва то 12 соли зиндонро пешбинӣ кардааст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли равони 64 сомонӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0