Даргузашти рӯзноманигор Илҳом Мадализода, бунёдгузори “Соҳил”

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Ӯ аз рӯзноманигорони шинохта дар шимоли Тоҷикистон буд
ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Мадализода Илҳоми Раҳим, рӯзноманигор ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҳукумати шаҳри Гулистон дар синни 62-солагӣ даргузашт.
Фаридуншоҳ Абдуллоев, корманди ҳукумати Гулистон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Мадализода субҳи 14 март аз ин дунё ба кӯи охират сафар кард.
“Як моҳ ба ин тараф аз бемории гурда дар хона табобат мегирифтанд. Рӯзашон буд шудааст, имрӯз бандагӣ кардаанд”, - гуфт Абдуллоев.
Илҳом Мадализода аз рӯзноманигорон варзидаи Суғд шумурда мешуд, ки давоми беш аз 25 соли фаъолияташ дар рушди кори телевизион ва чандин нашрияҳо саҳм гузоштааст.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Даргузашти парчамдори Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 16 дар Ню-Йорк
Мадализода Илҳоми Раҳим 1 сентябри соли 1960 дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон таваллуд шуда, мактаби миёнаи №7-и шаҳракро хатм кардааст. Ӯ соли 1978 ба факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров (Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинободи собиқ) дохил шуда, соли 1982 онро бо дипломи аъло хатм намудааст.
Солҳои 1982–1984 мавсуф дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ИҶСШ хидмат кардааст. Марҳум фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1984 ҳамчун омӯзгор шуруъ намуда, то соли 1992 дар мактабҳои № 5, 7, 8 шаҳраки Адрасмон ва Сирдарё дарс гуфтааст.
Моҳи майи соли 1992 котиби Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Қайроққум интихоб гардида, дар ин вазифа то январи соли 1995 кор кардааст. Солҳои 1995-1998 ба ҳайси муовини директори ширкати телевизионии "Темурмалик" фаъолият мекард.
Ӯ ҳамчун сардабир рӯзномаҳои "Ганҷбахш", "Суғдиён-медикор-777" ва "Барқчӣ"-ро низ нашр кардааст.
Аловуддин Абдуллоев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Даргузашти ҳунарманди шинохта Аловуддин Абдуллоев
11 марти соли 1998 бо ташаббуси ӯ дар шаҳри Қайроққум, ҳоло Гулистон нахустин рӯзномаи расмии "Соҳил" таъсис дода шуд. То апрели соли 2012 сармуҳаррири ин нашрияро худи ӯ бар уҳда дошт.
Маҷмуаи шеърҳояш бо номи “Ашки шабнам”, “Ватанам – Тоҷикистон”, “Садои мусофирӣ” ва ҳикояву тарҷумаҳояш дар китобе бо унвони “Кашфиёт” ба нашр расидаанд.
Аз моҳи апрели соли 2015 то ин вақт дар вазифаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҳукумати шаҳри Гулистон (Қайроққум) кор мекард.
Қарор аст, зуҳри имрӯз ҷанозаи Мадализода дар қабристони шаҳри Гулистон ба хок супорида шавад.
Лентаи хабарҳо
0