https://sputnik.tj/20220215/darguzasht-parchamdor-emomali-rahmon-ijlosiya-nu-york-1045908723.html
Даргузашти парчамдори Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 16 дар Ню-Йорк
Даргузашти парчамдори Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 16 дар Ню-Йорк
Sputnik Тоҷикистон
Калемулло Қодиров, яке аз арбобони давлатии Тоҷикистон дар Амрико даргузашт
2022-02-15T20:30+0500
2022-02-15T20:30+0500
2022-02-21T13:59+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249865_0:312:3000:2000_1920x0_80_0_0_ed5edbd678da821522956dd86f93e52f.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Мавсуф яке аз масъулини созмондеҳии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки муҷиби ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунании Тоҷикистон шуд. Шервони Умриддин, яке аз бародарзодагони Калемулло Қодиров ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум рӯзи 15-уми феврал, дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико олами фониро падруд гуфт. Калемулло Қодиров 20 сентябри 1939 дар деҳаи Ғӯйтани шаҳри Панҷакент ба дунё омада, факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо хатм кардааст.Солиёни дароз дар нашриёти давлатии Тоҷикистон, кумитаҳои ҳизбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва ҳам сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон кор кардааст. Қабл аз нафақа дар шуъбаи ташкилии Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон ва ҳам Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон кор кардааст. Бародарзодаи ӯ мегӯяд, он чӣ дар корномаи зиндагии эшон дар ин даврон сабт шудааст, ширкат дар ташкили Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аст, ки дар ин иҷлосияи тақдирсоз нахустин парчами ҷумҳурии соҳибистиқлолро бардошта буд. "Ҳамон парчамеро, ки пас аз савганд ёд кардан президент Эмомалӣ Раҳмон бӯсида буданд. Ин парчами таърихиро ӯ тӯли 15 сол бо худ нигоҳ доштаву дар 15-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон туҳфа намуданд. Ҳоло ин парчами таърихӣ бо супориши президенти кишвар дар осорхонаи Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд нигоҳ дошта мешавад”, - гуфт Шервони Умриддин. Ёдовар мешавем, Ҳукумати Тоҷикистон соли 2018 ҷанозаи Бозор Собир, Шоири халқии Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Сиэтли Амрико вафот кард, ба Ватан интиқол дода буд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249865_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_c0b255bebd6871fe156ab71fe5941eb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт калумулло қодиров иҷлосияи 16 шӯрои олии тоҷикистон
даргузашт калумулло қодиров иҷлосияи 16 шӯрои олии тоҷикистон
Даргузашти парчамдори Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 16 дар Ню-Йорк
20:30 15.02.2022 (Навсозишуда: 13:59 21.02.2022) Калемулло Қодиров, яке аз арбобони давлатии Тоҷикистон дар Амрико даргузашт
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Мавсуф яке аз масъулини созмондеҳии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки муҷиби ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунании Тоҷикистон шуд.
Шервони Умриддин, яке аз бародарзодагони Калемулло Қодиров ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум рӯзи 15-уми феврал, дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико олами фониро падруд гуфт.
"Он кас баъд аз баромадан ба нафақа ба фарзандону наберагонаш дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико пайваста, давронӣ пирӣ меронданд”, - гуфт Шервони Умриддин.
Калемулло Қодиров 20 сентябри 1939 дар деҳаи Ғӯйтани шаҳри Панҷакент ба дунё омада, факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо хатм кардааст.
Солиёни дароз дар нашриёти давлатии Тоҷикистон, кумитаҳои ҳизбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва ҳам сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон кор кардааст.
Қабл аз нафақа дар шуъбаи ташкилии Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон ва ҳам Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон кор кардааст.
Бародарзодаи ӯ мегӯяд, он чӣ дар корномаи зиндагии эшон дар ин даврон сабт шудааст, ширкат дар ташкили Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аст, ки дар ин иҷлосияи тақдирсоз нахустин парчами ҷумҳурии соҳибистиқлолро бардошта буд.
"Ҳамон парчамеро, ки пас аз савганд ёд кардан президент Эмомалӣ Раҳмон бӯсида буданд. Ин парчами таърихиро ӯ тӯли 15 сол бо худ нигоҳ доштаву дар 15-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон туҳфа намуданд. Ҳоло ин парчами таърихӣ бо супориши президенти кишвар дар осорхонаи Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд нигоҳ дошта мешавад”, - гуфт Шервони Умриддин.
Ёдовар мешавем, Ҳукумати Тоҷикистон соли 2018 ҷанозаи Бозор Собир, Шоири халқии Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Сиэтли Амрико вафот кард, ба Ватан интиқол дода буд.