Додситон созишномаи Тоҷикистону Эрон барои супоридани маҳкумшудагонро шарҳ дод

© Sputnik / Амир ИсаевПарламент Таджикистана, архивное фото
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Обуна шудан
Мақомот мегӯянд, ягон шаҳрванди Тоҷикистон феълан дар Эрон зиндонӣ нест
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Мирзоамон Рофизода, ноиби додситони кулли Тоҷикистон созишнома бо Эрон дар мавриди супоридани маҳкумшудагонро, ки ҳафтаи равон аз сӯйи Маҷлиси намояндагон тасвиб шуд, тавзеҳ дод.
Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Рофизода овардааст, ки созишномаи Тоҷикистону Эрон дар бораи супоридани маҳкумшудагон имкон медиҳад, шахсе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ дар яке аз кишварҳо маҳкум шудааст, бо мақсади адои муҳлати боқимондаи ҷазо ба ватанаш интиқол дода шавад.
"Созишнома барои ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур ва бамаврид мебошад", - таъкид намудаст ноиби додситони ҷумҳурӣ.
Мулоқоти Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо шардорони эронӣ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Раҳимзода бо роҳбарони 7 шаҳри бузурги Эрон мулоқот кард
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, дар зиндонҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ягон шаҳрванди Тоҷикис­тон адои ҷазои ҷиноятӣ намекунад.
Дар мавриди теъдоди зиндониёни эронӣ дар Тоҷикистон зикр шудааст, ки танҳо як нафар адои ҷазо дорад. Вакилони Маҷлиси намояндагон аз созишномаи мазкур ҷонибдорӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки созишнома дар бораи супоридани маҳкумшудагон моҳи сентябри соли 2021 дар доираи нахустин сафари президенти феълии Эрон Иброҳими Раисӣ имзо шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0