Пирӯзии тими ҷавонони Тоҷикистон бар "Регар ТадАЗ"

© PixabayЖенский футбол, архивное фото
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Обуна шудан
Тими ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи ҷумҳурӣ дар соли 2022 иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон, ки барои тамринот дар шаҳри Гулистон қарор дорад, дастаи "Регар ТадАЗ"-ро шикаст дод.
Тибқи иттилои ФФТ, тими ҷавонон таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон - 2022 иштирок мекунад.
Бар асоси қуръакашӣ, дастаи ҷавонон дар гуруҳи "А" қарор гирифтаст. Дар ин ҷо рақибонаш дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон - "Фааайзканд" - и Восеъ, "Регар ТадАЗ"-и Турсунзода ва "Эсхата"-и Хуҷанд шудаанд, омадааст дар иттилоия.
Нападающий Джахонгир Эргашев и полузащитник Амирбек Джурабоев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Амирбек Ҷурабоев, футболбози шинохтаи тоҷик ба тими "Юнайтед сити" гузашт
Дар марҳилаи аввали Ҷоми Лига - 2022 ҷавонон дастаи "Регар ТадАЗ"-ро бо ҳисоби 3:2 шикаст доданд. Ду голи Абдулло Шарипов ва як голи Абдулфаттоҳ Худойдодзода барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар оғозои Ҷоми Лигаи футболи ҷумҳурӣ 3 хол оварданд.
Марҳилаи дуюми мусобиқа 14 март дар назар аст. Ҷавонон бо "Эсхата" вориди майдон мешаванд. Дар марҳилаи ниҳоӣ, ки 16 март ба нақша гирифта шудааст, шогирдони Аҳлиддин Турдиев бо дастаи "Файзканд" вориди майдон мешаванд.
Бар аосси қоидаҳои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон ду дастаи барандаи ҷои аввал дар гуруҳҳояшон ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа мебароянд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, инчунин дар пайи анҷоми марҳилаи гуруҳӣ бозиҳои тасаллобахш барои ҷойҳои 3-4, 5-6, 7-8, 9-10 ва 11-12 баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0