Амирбек Ҷурабоев, футболбози шинохтаи тоҷик ба тими "Юнайтед сити" гузашт

© Федерация футбола Таджикистана / Гузариш ба медиабонкНападающий Джахонгир Эргашев и полузащитник Амирбек Джурабоев. Архивное фото
Нападающий Джахонгир Эргашев и полузащитник Амирбек Джурабоев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Обуна шудан
Яке аз беҳтарин нимҳимоятгарони мунтахаби футболи Тоҷикистон ҳамакнун дар Лигаи қаҳрамонии минтақаи ғарби Осиё бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Амирбек Ҷӯрабоев, аз бозигарони шинохтаи тоҷик ва мунтахаби футболи кишвар корномаи варзишияшро дар Флиппин идома медиҳад.
Ҳамакнун дастпарвари собиқи Академияи ССКА-и Маскав дар ҳайати бошгоҳи филиппинии "Юнайтид сити" бозӣ хоҳад кард.
Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи мазкур хабар додааст.
Дастаи нави Амирбек соли ҷорӣ дар Лигаи қаҳрамонии 2022-и минтақаи ғарби Осиё ширкат менамояд.
Дар бораи маблағи гузариш ва муҳлати шартномаи ӯ иттилоъ дода нашудааст.
Тими ахири нимҳимоятгари ҷавон "Истиқлол"-и Душанбе буд. Ӯ дар як мусоҳибаи ахираш гуфта буд, ки даъватҳо аз тимҳои кишвар ва Осиёи Марказӣ низ ҳастанд, аммо ӯ пешниҳоди хубтареро интизор аст.
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Раҳимов ба тими Фаронса пайвасту ба дигарон роҳи комёбиро нишон дод
Ёдовар мешавем, Ҷӯрабоев корномаи варзишияшро соли 2013 дар Академияи ССКА-и Маскав оғоз карда, дар ҳайати "Хайр", "Солигорск" (Беларус) ва "Барқчӣ", "Истиқлол" ва "Навбаҳор"-и Ӯзбекистон бозӣ кардааст.
Ӯ дар дастаҳои "Истиқлол"-и Душанбе, яке аз дастаҳои беҳтарини Осиё, ки ҳоло қаҳрамони феълии Тоҷикистон аст, 6 унвони қаҳрамонии кишвар ва ба намояндагӣ кардани даста дар Ҷоми AFC ва Лигаи қаҳрамонҳои AFC кӯмак кардааст. ⠀
Амирбек ҳамагӣ 25-сол дошта, 114 бозии лигаи олӣ гузаронида, дар 39 бозии расмии ФИФА Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст.⠀
Бино ба маълумоти торномаи олмонии "Transfermarkt.de", ин бозигари тоҷик 250 ҳазор евро арзиш дорад.
Лентаи хабарҳо
0