https://sputnik.tj/20220313/mahall-konsulgari-ima-eron-mushakboron-1046753179.html
Расонаҳо: Маҳалли консулгарии ИМА аз Эрон мушакборон шуд - видео
Расонаҳо: Маҳалли консулгарии ИМА аз Эрон мушакборон шуд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти тандурустии Ироқ мегӯянд, дар пайи мушакборон шудани минтақае дар шаҳри Арбил касе ҷон надод
2022-03-13T10:25+0500
2022-03-13T10:25+0500
2022-03-14T13:30+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
ироқ
эрон
мушак
партоб
курдистон
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102287/74/1022877438_0:237:3500:2206_1920x0_80_0_0_e63e34e423d3f3d02d253e06c4df1d1e.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Маҳалле дар шаҳри Ирбил, пойтахти Курдистони Ироқ ҳадафи партоби мушакҳо қарор гирифт. Мушакҳо ба маҳалли ҷойгиршавии консулгарии ИМА ва дафтари телевизиони "Курдистон 24" партоб шудаанд, иттилоъ медиҳад пойгоҳи хабарии "Shafaq News" аз қавли мақомоти амниятии Ироқ. "Мушакҳо дар макони консулгарии ИМА ва телевизиони "Курдистон 24", дар маҳаллаи Салоҳуддин афтиданд", - омадааст дар хабари манбаъ. Дар ҳамин ҳол расонаҳои ғарбӣ бо такя ба мақомдори ИМА навиштаанд, ки мушакҳо аз қаламрави Эрон партоб шудаанд. Мақомоти мубориза бо терроризми Курдистон низ изҳор кардаанд, ки партоби мушакҳо аз хориҷи ин кишвар сурат гирифта, дар маҷмуъ 12-то будаанд. "Намояндаи Вазорати мудофиаи ИМА изҳор дошт, ки мушакборони шаҳри Ирбил аз қаламрави Эрони ҳамсоя сурат гирифтааст", - навиштааст "Associated Press". Назари мақомоти Эрон фаълан дар бораи ин иддао маълум нест.
эрон
курдистон
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102287/74/1022877438_122:0:3379:2443_1920x0_80_0_0_87781f5c49e330b79d13f04f0cb318c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мушакборон, консулгарӣ, има, эрон
мушакборон, консулгарӣ, има, эрон
Расонаҳо: Маҳалли консулгарии ИМА аз Эрон мушакборон шуд - видео
10:25 13.03.2022 (Навсозишуда: 13:30 14.03.2022) Мақомоти тандурустии Ироқ мегӯянд, дар пайи мушакборон шудани минтақае дар шаҳри Ирбил касе кушта нашудааст
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Маҳалле дар шаҳри Ирбил, пойтахти Курдистони Ироқ ҳадафи партоби мушакҳо қарор гирифт.
Мушакҳо ба маҳалли ҷойгиршавии консулгарии ИМА ва дафтари телевизиони "Курдистон 24" партоб шудаанд, иттилоъ медиҳад пойгоҳи хабарии "Shafaq News" аз қавли мақомоти амниятии Ироқ.
"Мушакҳо дар макони консулгарии ИМА ва телевизиони "Курдистон 24", дар маҳаллаи Салоҳуддин афтиданд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Дар ҳамин ҳол расонаҳои ғарбӣ бо такя ба мақомдори ИМА навиштаанд, ки мушакҳо аз қаламрави Эрон партоб шудаанд. Мақомоти мубориза бо терроризми Курдистон низ изҳор кардаанд, ки партоби мушакҳо аз хориҷи ин кишвар сурат гирифта, дар маҷмуъ 12-то будаанд.
"Намояндаи Вазорати мудофиаи ИМА изҳор дошт, ки мушакборони шаҳри Ирбил аз қаламрави Эрони ҳамсоя сурат гирифтааст", - навиштааст "Associated Press".
Назари мақомоти Эрон фаълан дар бораи ин иддао маълум нест.