Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Русия ба вилояти Киев кумаки башардӯстона расонд - видео

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкОтправка гуманитарной помощи для жителей Запорожской области
Отправка гуманитарной помощи для жителей Запорожской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Обуна шудан
Ҳоло ин қаламрав таҳти назорати низомиёни Русия қарор дорад. Артиши Русия ба сокинони ин минтақа маводи озуқа ва дигар ашёи лозимро тақсим кард
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Артиши Русия сокинони ноҳияи Бородянскии вилояти Киевро беш аз 40 тонна кӯмаки башардӯстона кард, хабар медиҳад Вазорати дифои Русия.
Қайд карда мешавад, ки ин қаламрав аллакай таҳти назорати артиши Русия қарор дорад. Ба сокинон маводи озуқа ва дигар ашёи лозим тақсим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Флаг Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Даъвати Киев аз сокинони ғарбу маркази Украина барои баромадан ба кор
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Лентаи хабарҳо
0