Даъвати Киев аз сокинони ғарбу маркази Украина барои баромадан ба кор

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкФлаг Украины
Флаг Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Обуна шудан
Мушовири раисҷумҳури Украина аз сокинони минтақаҳои ғарбӣ ва маркази кишвар даъват кардааст, ки кор кунанд
ДУШАНБЕ, 12мар — Sputnik. Алексей Арестович, мушовири раиси дафтари Владимир Зеленский, аз сокинони минтақаҳои ғарб ва марказии Украина, ки дар он ҷо ҷанг нест, даъват кардааст, ки ба кор бираванд ва иқтисодро бичархонанд
"Оё шумо фикр намекунед, вақти он расидааст, ки дар минтақаҳои ғарбу марказии Украина идҳову итоат накардан хотима ёфтааст ва иқтисодиёт бояд бичархад, ҳадди аққал мағозаҳои хурд, корхонаҳо ба кор оғоз кунед. Украинаи ғарбӣ ва марказӣ, ки ҷанг ба он ҷо нарасидааст, бояд кор кунанд. Вақти оғози зиндагии муқаррарӣ расидааст", - гуфт Арестович дар паёме, ки дар саҳифаи фейсбукияш нашр шудааст.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангӣ, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" масъуланд, дар назар гирифта мешаванд.
Russia Ukraine Military Operation - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Мушовири Зеленский дар бораи кам шудани захираҳои арзиву тилои кишвараш гуфт
Рӯзи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард.
Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳое пайдо карданд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ба мардуми осоишта ҳеҷ чиз таҳдид намекунад.
Мулоқоти дуюми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пуша баргузор шуд.
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Қодиров аз фирори сарбозони Украина гуфт
Даври сеюми музокироти Русияву Украина рӯзи 7 март дар Беларус баргузор шуд, аммо барои ҳар ду ҷониб натиҷаи дилхоҳ надод.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Ҷонибҳо то ҳол рӯз ва макони мушаххаси мулоқоти навбатиро эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи узви ҳайати Русия, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия Леонид Слутский, он дар ояндаи наздик дар Беларус баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0