Медведев гуфт, Русия ба таҳримҳои Ғарб посухи тунд хоҳад дод

© Sputnik / Юлия Зырянова / Гузариш ба медиабонкЗаместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Медведев дар бораи таҳримҳои ҷоринамудаи Ғарб алайҳи Русия изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия гуфт, ин кишвар ба таҳримҳои Ғарб вокуниши бунёдӣ ва шадид хоҳад кард.
Бо чунин шарҳҳо ӯ қазияи "хуруҷи густардаи ширкатҳои хориҷӣ аз бозори Русия"-ро тавзеҳ дод.
Медведев ҳамчунин қайд кард, ки ҳукумат чораҳои ҷавобӣ, аз ҷумла муфлисшавӣ ва милликунонии амволи ширкатҳои хориҷиро, ки бозорро тарк кардаанд, таҳия мекунад.

"Вазифаи асосии сиёсатмадорон ин аст, ки ба саҳмдорони корхонаҳо фишори сахт оранд, онҳоро маҷбур кунанд, ки ба иродаи худ итоат кунанд", - таъкид намуд Медведев.

"Мо ба ин раван посухи дағалона хоҳем дод”, - навиштааст ӯ дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте”.
 Рабочие на строительной площадке газопровода Северный поток — 2 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
"Ба фоҷеа рӯ ба рӯ мешавем". Таҳримҳои зиддирусӣ ба Аврупову Чин лозиманд?
Вай ҳамчунин афзуд, ки кишвар дар посух ба ҳабси беасоси моликияти русҳо ва ширкатҳои русӣ дар хориҷа хомӯш нахоҳад монд.
Ӯ ҳамчунин дар бораи зарурати вокуниши ҳамсон, аз ҷумла мусодираи дороиҳои хориҷӣ ва милликунонии эҳтимолии онҳо сухан гуфт.
"Айнан ҳамин чиз ба саркашии ширкатҳои хориҷӣ аз кор дар Русия оварда мерасонад. Чун зери таҳримҳо қарор мегиранд, маҷбур мешаванд, ки тарки ин кишварро намоянд", - афзуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Лентаи хабарҳо
0