https://sputnik.tj/20220312/rusiya-markaz-radioi-az-kor-barovard-1046739830.html
Русия маркази иктишофи радиоии нерӯҳои Украинаро аз кор баровард
Русия маркази иктишофи радиоии нерӯҳои Украинаро аз кор баровард
Sputnik Тоҷикистон
Артиши Русия як гурӯҳи миллатгароён дар вилояти Киеви Украинаро аз маркази радио маҳрум кард
2022-03-12T14:44+0500
2022-03-12T14:44+0500
2022-03-14T19:55+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
украина
амалиёт
қувваҳои мусаллаҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0c/1046738227_0:159:3073:1888_1920x0_80_0_0_62221cdceafd9fa5b24448ae1a29c9aa.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Артиши Русия бо як зарбаи дақиқ маркази асосии иктишофи радиоии қувваҳои мусаллаҳи Украинаро ғайрифаъол кард. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков хабар дод. Дар натиҷа маркази асосии радио ва электронии иктишофии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар Броварӣ, инчунин аэродроми низомии Василково аз кор монд. "Давоми 24 соати гузашта низомиёни Русия 5 ҳавопаймои бидуни сарнишин, аз ҷумла ду "Байрактар" ва як мушаки тактикии “Точка-У”-ро сарнагун карданд.Дар маҷмуъ, дар ҷараёни амалиёти вижа 3491 зерсохти низомии Украина аз кор монд. Ба гуфтаи Конашенков, воҳидҳои ҶХД бо пуштибонии артиши Русия шаҳракҳои Валериановка ва Зелений Гейро таҳти назорат гирифтанд. Артиши ҶХЛ дар болои минтақаҳои аҳолинишини Суровтсевка, Шедришево, Житловка назорат барқарор карда, Рубижнеро муҳосира кард. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар як шабонарӯз 21 километр пеш рафта, ба минтақаҳои аҳолинишини Новодонетское, Новомаёрское ва Павловка расиданд. Ёдовар мешавем, аз нимаи моҳи феврали соли 2022 вазъ дар Донбасс пас аз як силсила ҳамалоти мусаллаҳонаи нерӯҳои Украина шиддат гирифт. Раҳбарони ҶХД ва ҶХЛ ба президенти Русия Владимир Путин бо дархости кумак дар муқобила бо таҷовузи Украина муроҷиат карданд. Путин пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти Федератсияи Русия фармонҳо дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳоро имзо кард. Ин ҳуҷҷатҳоро Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия тасдиқ карданд. Раисҷумҳури Русия рӯзи 24 феврал аз оғози амалиёти вижаи низомӣ, ки ҳадафаш ҳифзи мардуми осоишта дар Донбасс буд, хабар дод. Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохти низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд ва ба мардуми осоишта ҳеҷ чиз таҳдид намекунад. Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раҳбари Русия.
https://sputnik.tj/20220312/nizomiyon-du-mahalla-zeri-nazorat-1046738481.html
https://sputnik.tj/20220311/ozmoishgoh-khatar-ukraina-1046720486.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0c/1046738227_172:0:2901:2047_1920x0_80_0_0_2c2fce1042368a61e84bc98ae3845f36.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёт, русия, украина
Русия маркази иктишофи радиоии нерӯҳои Украинаро аз кор баровард
14:44 12.03.2022 (Навсозишуда: 19:55 14.03.2022) Артиши Русия як гурӯҳи миллатгароён дар вилояти Киеви Украинаро аз маркази радио маҳрум кард
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Артиши Русия бо як зарбаи дақиқ маркази асосии иктишофи радиоии қувваҳои мусаллаҳи Украинаро ғайрифаъол кард.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков хабар дод.
"Субҳи 12 март як силоҳи дақиқи дурпарвоз ба зерсохти низомии Украина зарба зад", - гуфт ӯ дар брифинг.
Дар натиҷа маркази асосии радио ва электронии иктишофии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар Броварӣ, инчунин аэродроми низомии Василково аз кор монд.
"Давоми 24 соати гузашта низомиёни Русия 5 ҳавопаймои бидуни сарнишин, аз ҷумла ду "Байрактар" ва як мушаки тактикии “Точка-У”-ро сарнагун карданд.
Дар маҷмуъ, дар ҷараёни амалиёти вижа 3491 зерсохти низомии Украина аз кор монд.
Ба гуфтаи Конашенков, воҳидҳои ҶХД бо пуштибонии артиши Русия шаҳракҳои Валериановка ва Зелений Гейро таҳти назорат гирифтанд.
Артиши ҶХЛ дар болои минтақаҳои аҳолинишини Суровтсевка, Шедришево, Житловка назорат барқарор карда, Рубижнеро муҳосира кард.
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар як шабонарӯз 21 километр пеш рафта, ба минтақаҳои аҳолинишини Новодонетское, Новомаёрское ва Павловка расиданд.
Ёдовар мешавем, аз нимаи моҳи феврали соли 2022 вазъ дар Донбасс пас аз як силсила ҳамалоти мусаллаҳонаи нерӯҳои Украина шиддат гирифт.
Раҳбарони ҶХД ва ҶХЛ ба президенти Русия Владимир Путин бо дархости кумак дар муқобила бо таҷовузи Украина муроҷиат карданд.
Путин пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти Федератсияи Русия фармонҳо дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳоро имзо кард. Ин ҳуҷҷатҳоро Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия тасдиқ карданд.
Раисҷумҳури Русия рӯзи 24 феврал аз оғози амалиёти вижаи низомӣ, ки ҳадафаш ҳифзи мардуми осоишта дар Донбасс буд, хабар дод.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохти низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд ва ба мардуми осоишта ҳеҷ чиз таҳдид намекунад.
Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раҳбари Русия.