Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Марги cареъ: озмоишгоҳҳои Украина чӣ хатар доранд - мусоҳиба

© Sputnik / Russian Defence Ministry / Гузариш ба медиабонкРабота полевой биолаборатории Министерства обороны РФ, развернутой на авиабазе "Орио-аль-Серио" в Италии
Работа полевой биолаборатории Министерства обороны РФ, развернутой на авиабазе Орио-аль-Серио в Италии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Обуна шудан
Дар Украина 30 озмоишгоҳе мавҷуд буд, ки аз ҷониби Вашингтон дар чорчӯби барномаи биологии ҳарбӣ боз шудаанд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Амалиёти вижа дар Украина бояд танҳо барои нобуд кардани озмоишгоҳҳои биологии амрикоие, ки дар наздикии марзҳои Русия ҷойгиранд, оғоз мешуд.
Чунин андешаро дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон афсари собиқи Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Андрей Ковалев (ном иваз карда шуд – шарҳ аз идора.) баён кард.
Ба гуфтаи вай, ин корро ба хотири украиниҳо ва ояндаи онҳо анҷом додан лозим буд.

"Ғайринизомикунонӣ ва низизудоӣ - сохторҳои абстрактӣ мебошанд. Аммо ҳар як озмоишгоҳи биологӣ суроға, бино ва вазифа дорад. Бовар кунед, ин ба амнияти миллии Русия бевосита таъсир мерасонанд", - таъкид кард ҳамсуҳбат.

Ба гуфтаи вай, "аз силоҳи ҳастаӣ ҳам хатарноктар аст".
"Дар он сурат Маскав ҳадди аққал метавонад зарба занад ва агар силоҳи нав истифода шавад, он метавонад дар саросари кишвар зуд мунҳадим гардад, бе ягон зарар ба душман", - афзуд иштирокчии амалиёти ҷангӣ дар Чеченистон, Босния ва Ҳерсеговина, Косово, Абхазистон ва Сурия.
Ба андешаи ӯ, дар ин ҷо ҳич як ҳушдор ва ё тарс нест, балки танҳо мантиқ ва далел вуҷуд дорад.
Рабочая поездка министра обороны РФ С. Шойгу в Южный военный округ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу: Ихтиёриён аз Ховари Миёна мехоҳанд, дар озодсозии Донбасс иштирок кунанд
"Ҷаҳон ҳатто тасаввур намекунад, биоозмоишгоҳҳои нави ҳарбӣ, ки дар Иёлоти Муттаҳида таҳия карда мешаванд, чӣ гуна хатари даҳшатнок доранд", - гуфт афсари собиқ.
Ёдовар мешавем, рӯзи 6 март намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков гуфт, дар ҷараёни амалиёти вижа дар Украина далелҳои поксозии изтирорӣ аз ҷониби Киев аз осори барномаи биологии ҳарбӣ кашф шудаанд.
Русия субҳи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор қарор доштанд".
Путин ба пешниҳоди ҷалби ихтиёриён ба Украина розӣ шуд
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом ёфта, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербинои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ба мардуми осоишта ҳеҷ чиз таҳдид намекунад.
Лентаи хабарҳо
0