Пешниҳоди Зеленский барои ташкили музокирот бо Русия дар Байтулмуқаддас

CC BY-SA 4.0 / Офис Президента Украины / Президент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Украина пешниҳод кардааст, ки музокирот бо Русия бояд дар Байтулмуқаддаси Исроил баргузор шавад
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина зимни як нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорони хориҷӣ гуфт, ба Нафталӣ Беннетт, нахуствазири Исроил пешниҳод кардааст, ки дар шаҳри Байтулмуқаддас музокироти ин кишвар бо Русияро ташкил намояд.
Дар Беларус аллакай се даври музокироти Русия ва Украина баргузор шуд.
“Мо бо ҷаноби Беннетт суҳбат кардем ва ман гуфтам, ки имрӯз дар Русия, Беларус баргузор кардани дидору мулоқотҳо дуруст нест. Ман на дар бораи дидорҳои техникӣ, балки дар бораи мулоқоти раҳбарон ҳарф мезанам. Ман фикр мекунам, ки Байтулмуқаддас метавонад ҷойи роҳате барои музокироти мо бошад”, - гуфт Зеленский.
Зеленский муътақид аст, ки Беннетт метавонад дар созиши Украина нақши муҳим бозад ва Исроил метавонад кафили амният бошад.
Russia Ukraine Military Operation - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Мушовири Зеленский дар бораи кам шудани захираҳои арзиву тилои кишвараш гуфт
“Вақте ки мо дар бораи кафолатҳои амнияти Украина ҳарф мезанем, оё ман фикр мекунам, ки Исроил бояд дар миёни кишварҳо бошад? Бешубҳа... Мо ба миёнҷигарии ҳар кас мусбат менигарем”, - гуфт у.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангӣ, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" масъуланд, дар назар гирифта мешаванд.
Рӯзи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард.
Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳое пайдо карданд.
Московский Кремль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Русия феҳристи таҳримҳои шахсии ҷавобӣ алайҳи Ғарбро омода кардааст
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ба мардуми осоишта ҳеҷ чиз таҳдид намекунад.
Мулоқоти дуюми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пуша баргузор шуд.
Даври сеюми музокироти Русияву Украина, ки рӯзи 7 март дар Беларус баргузор шуд, аммо барои ҳар ду ҷониб натиҷаи дилхоҳ надод.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Ҷонибҳо то ҳол рӯз ва макони мушаххаси мулоқоти навбатиро эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи узви ҳайати Русия, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия Леонид Слутский, он дар ояндаи наздик дар Беларус баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0