https://sputnik.tj/20220312/omodagii-ozarboyjon-miyonjigari-rusiyavu-ukraina-1046748771.html
Омодагии Озарбойҷон барои миёнҷигарӣ байни Русияву Украина
Омодагии Озарбойҷон барои миёнҷигарӣ байни Русияву Украина
Sputnik Тоҷикистон
Дастгоҳи раисҷумҳури Озарбойҷон хабар додааст, ки Боку барои ташкили музокироти Русияву Украина омодааст
2022-03-12T20:45+0500
2022-03-12T20:45+0500
2023-10-02T17:10+0500
озарбойҷон
аврупо
дар русия
миёнҷигарӣ
алиев
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032098975_0:0:3153:1774_1920x0_80_0_0_9a6df2dafd8b7be279ab4bc048710b85.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ҳикмат Ҳоҷиев, ёвари раисиҷумҳур, мудири шӯъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи раёсатҷумҳурии Озарбойҷон гуфт, Боку омода аст музокироти Русия ва Украинаро баргузор намояд, иттилоъ додааст РИА “Новости”.Вай гуфт, Боку таҷрибаи баргузории мулоқотҳои Русия ва НАТО-ро дорад."Чунин пешниҳод аз ҷониби Украина буд. Дар сурати чунин тасмим мо омодаем, ки чунин нишастро баргузор кунем. Қаблан дар Боку мулоқоти ҳайатҳои Русия ва НАТО баргузор шуда буд. Озарбойҷон на узви НАТО асту на СААД. Озарбойҷон дар Ҷунбиши ғайримуттаҳидҳо раёсат мекунад, ки ин як навъ бетарафӣ дорад. Ба ҳамин хотир мо боварӣ дорем, ки ҳарду ҷониб метавонанд худро роҳат эҳсос кунанд”, - гууфт оқои Ҳоҷиев.Ёвари раисиҷумҳур гуфт Озарбойҷон омода аст, аз ин иқдом пуштибонӣ кунад ва саҳми худро дар роҳи сулҳ гузорад.Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба ин ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангӣ, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" масъуланд, дар назар гирифта мешаванд.Рӯзи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард.Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳое пайдо карданд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ба мардуми осоишта ҳеҷ чиз таҳдид намекунад.Мулоқоти дуюми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пуша баргузор шуд.Даври сеюми музокироти Русияву Украина, ки рӯзи 7 март дар Беларус баргузор шуд, аммо барои ҳар ду ҷониб натиҷаи дилхоҳ надод.Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.Ҷонибҳо то ҳол рӯз ва макони мушаххаси мулоқоти навбатиро эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи узви ҳайати Русия, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия Леонид Слутский, он дар ояндаи наздик дар Беларус баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20220312/mushoviri-zelenskiy-kam-zakhiraho-arzivu-tilo-1046743341.html
https://sputnik.tj/20220312/rusiya-markaz-radioi-az-kor-barovard-1046739830.html
аврупо
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032098975_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a461cdccf4375fcfe0984fa036662280.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
озарбойҷон, алиев, омодагӣ, миёнҷигарӣ, русия, украина
озарбойҷон, алиев, омодагӣ, миёнҷигарӣ, русия, украина
Омодагии Озарбойҷон барои миёнҷигарӣ байни Русияву Украина
20:45 12.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Дастгоҳи раисҷумҳури Озарбойҷон хабар додааст, ки Боку барои ташкили музокироти Русияву Украина омодааст
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ҳикмат Ҳоҷиев, ёвари раисиҷумҳур, мудири шӯъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи раёсатҷумҳурии Озарбойҷон гуфт, Боку омода аст музокироти Русия ва Украинаро баргузор намояд, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Вай гуфт, Боку таҷрибаи баргузории мулоқотҳои Русия ва НАТО-ро дорад.
"Чунин пешниҳод аз ҷониби Украина буд. Дар сурати чунин тасмим мо омодаем, ки чунин нишастро баргузор кунем. Қаблан дар Боку мулоқоти ҳайатҳои Русия ва НАТО баргузор шуда буд. Озарбойҷон на узви НАТО асту на СААД. Озарбойҷон дар Ҷунбиши ғайримуттаҳидҳо раёсат мекунад, ки ин як навъ бетарафӣ дорад. Ба ҳамин хотир мо боварӣ дорем, ки ҳарду ҷониб метавонанд худро роҳат эҳсос кунанд”, - гууфт оқои Ҳоҷиев.
Ёвари раисиҷумҳур гуфт Озарбойҷон омода аст, аз ин иқдом пуштибонӣ кунад ва саҳми худро дар роҳи сулҳ гузорад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангӣ, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" масъуланд, дар назар гирифта мешаванд.
Рӯзи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард.
Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳое пайдо карданд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ба мардуми осоишта ҳеҷ чиз таҳдид намекунад.
Мулоқоти дуюми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пуша баргузор шуд.
Даври сеюми музокироти Русияву Украина, ки рӯзи 7 март дар Беларус баргузор шуд, аммо барои ҳар ду ҷониб натиҷаи дилхоҳ надод.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Ҷонибҳо то ҳол рӯз ва макони мушаххаси мулоқоти навбатиро эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи узви ҳайати Русия, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия Леонид Слутский, он дар ояндаи наздик дар Беларус баргузор мешавад.