Дар ду соат, дар интихоботи президентии Туркманистон чанд фисади аҳолӣ овоз додаанд?

Обуна шудан
Дар Туркманистон 2577 ҳавзаи интихоботӣ барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати раёсатҷумҳурӣ боз шуд
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар ду соати сипаршуда дар интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон 25,24%-и овоздиҳандагон ширкат кардаанд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба Комиссияи марказии интихоботии Туркманистон хабар медиҳад.

"То соати 09:00 (соати 09:00 ба вақти Душанбе) дар интихоботи президентии Туркманистон 25,24 дарсади интихобкунандагон овоз доданд", — иттилоъ додааст КМИ.

Дар Туркманистон рӯзи шанбе интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ оғоз шуд. Интихобот аз соати 07:00 то соати 19.00 идома хоҳад кард.
Овоздиҳӣ ҳамчунин дар 41 ҳавзааи интихоботӣ, ки дар назди намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии Туркманистон дар хориҷи кишвар кушода шудаанд, ҷараён дорад.
Барои соҳиб шудан ба курсии президентии Туркманистон 9 номзад, ки тибқи қонун аз ҷониби се ҳизби сиёсии сабтиномшуда дар ин кишвар ва як гурӯҳ шаҳрвандон пешбарӣ шудаанд, талош мекунанд.
Мужчина опускает бюллетень в урну, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Дар Туркманистон овоздиҳӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ оғоз шуд
Тибқи Кодекси интихоботи Туркманистон, Комиссияи марказии интихоботӣ на дертар аз рӯзи ҳафтуми баъд аз интихобот натоиҷи интихоботро ҷамъбаст мекунад, протокол тартиб медиҳад ва натиҷаҳои интихоботро эълон мекунад.
Номзаде, ки бештар аз нисфи овози интихобкунандагонро гирифтааст, президент интихобшуда эълон карда мешавад.
Шаҳрванди кишвар, ки дар қаламрави он таваллуд шудааст, аз 40-сола болост, забони давлатиро медонад, 15 соли охир дар ин кишвар ба таври доимӣ кору зиндагӣ мекунад, метавонад президенти Туркманистон интихоб шавад.
Раисҷумҳури Туркманистон мустақиман аз ҷониби мардуми кишвар ба муҳлати ҳафт сол интихоб мешавад ва аз лаҳзаи ёд кардани савганд ба кор шуруъ мекунад. Маросими савгандёдкунии президенти нави кишвар 19 март баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0