https://sputnik.tj/20220312/ovozdihi-intikhobot-rayosat-jumhuri-turkmaniston-1046734011.html
Дар Туркманистон овоздиҳӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ оғоз шуд
Дар Туркманистон овоздиҳӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Туркманистон 2577 нуқтаи овозиҳӣ барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ боз шуд
2022-03-12T09:09+0500
2022-03-12T09:09+0500
2022-03-14T20:37+0500
туркманистон
интихоб
президент
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103072/79/1030727969_0:113:2048:1265_1920x0_80_0_0_45fa3f2325763007942cf6dabbb455e8.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар Туркманистон соати 7.00, рӯзи шанбе 2577 қитъаи интихоботӣ барои овоздиҳӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз шуд, ки то соати 19.00 идома хоҳад кард, хабар медиҳад РИА "Новости".Овоздиҳӣ ҳамчунин дар 41 қитъаи интихоботӣ, ки дар назди намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии Туркманистон дар хориҷи ин кишвар кушода шудаанд, ҷараён дорад. Дар ин ҷо аз соати 7.00 то 19.00 ба вақти маҳаллии қаламраве, ки қитъаи интихоботӣ дар он ҷойгир аст, давом мекунад. Ба нишастан ба курсии олии давлатии Туркманистон 9 номзад, ки тибқи қонун, аз ҷониби се ҳизби сиёсии сабтиномшуда дар ин кишвар ва як гурӯҳ шаҳрвандон пешбарӣ шудаанд, талош мекунанд.Қонунгузории Туркманистон ҳадди ниҳоии ҳузури интихобкунандагонро муқаррар накардааст.Тибқи Кодекси интихоботи Туркманистон, Комиссияи марказии интихоботӣ на дертар аз рӯзи ҳафтуми баъд аз интихобот натиҷаҳои онро эълон мекунад. Номзаде, ки бештар аз нисфи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштирокдоштаро гирифтааст, президент интихобшуда эълон карда мешавад. Шаҳрванди ин кишвар, ки дар қаламрави он таваллуд шуда, аз 40-сола поин набошад, забони давлатиро донад, 15 соли охир дар ин кишвар ба таври доимӣ кору зиндагӣ карда бошад, метавонад президенти Туркманистон интихоб шавад. Раисҷумҳури Туркманистон мустақиман аз ҷониби мардуми ин кишвар ба муҳлати ҳафт сол интихоб мешавад ва аз лаҳзаи савганд ёд карданаш ба кор шуруъ мекунад. Маросими савгандёдкунии президенти нави ин кишвар 19 март баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20220215/pisar-raisijumhur-turkmaniston-nomzad-prezident-1045854048.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103072/79/1030727969_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_b5e13ce5ed9bd1b565944521d9aba59f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
овоздиҳӣ интихобот президентӣ туркманистон
овоздиҳӣ интихобот президентӣ туркманистон
Дар Туркманистон овоздиҳӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ оғоз шуд
09:09 12.03.2022 (Навсозишуда: 20:37 14.03.2022) Дар Туркманистон 2577 нуқтаи овозиҳӣ барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати раёсатҷумҳурӣ боз шуд
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар Туркманистон соати 7.00, рӯзи шанбе 2577 қитъаи интихоботӣ барои овоздиҳӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз шуд, ки то соати 19.00 идома хоҳад кард, хабар медиҳад РИА "Новости".
Овоздиҳӣ ҳамчунин дар 41 қитъаи интихоботӣ, ки дар назди намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии Туркманистон дар хориҷи ин кишвар кушода шудаанд, ҷараён дорад.
Дар ин ҷо аз соати 7.00 то 19.00 ба вақти маҳаллии қаламраве, ки қитъаи интихоботӣ дар он ҷойгир аст, давом мекунад.
Ба нишастан ба курсии олии давлатии Туркманистон 9 номзад, ки тибқи қонун, аз ҷониби се ҳизби сиёсии сабтиномшуда дар ин кишвар ва як гурӯҳ шаҳрвандон пешбарӣ шудаанд, талош мекунанд.
Қонунгузории Туркманистон ҳадди ниҳоии ҳузури интихобкунандагонро муқаррар накардааст.
Тибқи Кодекси интихоботи Туркманистон, Комиссияи марказии интихоботӣ на дертар аз рӯзи ҳафтуми баъд аз интихобот натиҷаҳои онро эълон мекунад.
Номзаде, ки бештар аз нисфи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштирокдоштаро гирифтааст, президент интихобшуда эълон карда мешавад.
Шаҳрванди ин кишвар, ки дар қаламрави он таваллуд шуда, аз 40-сола поин набошад, забони давлатиро донад, 15 соли охир дар ин кишвар ба таври доимӣ кору зиндагӣ карда бошад, метавонад президенти Туркманистон интихоб шавад.
Раисҷумҳури Туркманистон мустақиман аз ҷониби мардуми ин кишвар ба муҳлати ҳафт сол интихоб мешавад ва аз лаҳзаи савганд ёд карданаш ба кор шуруъ мекунад. Маросими савгандёдкунии президенти нави ин кишвар 19 март баргузор мешавад.