Мақомоти Суғд: Дар анборҳо захираи зарурии ғалла мавҷуд аст

© Посольство Казахстана в ДушанбеКазахстан предоставил Таджикистану 10 тысяч тонн гуманитарной помощи
Казахстан предоставил Таджикистану 10 тысяч тонн гуманитарной помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғди Тоҷикистон мегӯяд, дар анбори корхонаҳои калони истеҳсоли орди вилоят захираи зарурии ғалла мавҷуд аст ва мардум бояд нигарон набошанд
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар анбори корхонаҳои калони истеҳсоли орди “Фаровон”, “Зерновая компания” ва “Зуҳал”-и вилояти Суғд захираи зарурии ғалла мавҷуд аст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд.
Ҳамчунин мақомоти Суғд хабар додаанд, ки воридоти ғалла аз хориҷи кишвар мунтазам ба роҳ монда шудааст.
“Соҳибкорон асъори хориҷиро бемамониат аз бонкҳо дастрас намуда, ғалларо ворид ва коркард карда истодаанд”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Таъкид шудааст, ки ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шахсан бо фаъолияти корхонаҳое, ки ба истеҳсоли орду рӯған машғуланд, шинос гардид.
Ключи от дома - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Аҳмадзода корхонаҳои бузурги Суғдро муваззаф кард, то барои коргарон хона созанд
Зимни дидор масъулини корхонаҳо итминон доданд, захираи маҳсулот дар корхонаҳо мавҷуд буда, барои таъмини аҳолӣ бо орд аз тамоми имконият истифода бурда мешавад.
Таъкид шуд, ки ҳукумати мамлакат барои ба эътидол овардани нархи маводи ғизоӣ чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Дар вилояти Суғд барои танзими нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ҳар ҳафта ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулот ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар чанд рӯзи ахир дар бозорҳои кишвар болоравии нархи орд мушоҳида мешавад. Ҳоло дар бозорҳои кишвар як халта орд то 330 сомонӣ арзиш дорад.
Лентаи хабарҳо
0