https://sputnik.tj/20220204/ahmadzoda-korkhona-buzurg-sughd-1045495223.html
Аҳмадзода корхонаҳои бузурги Суғдро муваззаф кард, то барои коргарон хона созанд
Аҳмадзода корхонаҳои бузурги Суғдро муваззаф кард, то барои коргарон хона созанд
Sputnik Тоҷикистон
Корхонаҳои бузурги шимоли кишвар муваззаф шудаанд, ки барои таъмини кормандонашон бо манзили зист барои онҳо хона бунëд кунанд
2022-02-04T16:10+0500
2022-02-04T16:10+0500
2022-02-04T18:52+0500
дар тоҷикистон
суғд
хона
бунёд
коргарон
раҷаббой аҳмадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/02/1039905616_0:31:1920:1111_1920x0_80_0_0_279c5778993c75ded7f745291ad33f75.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев— Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд гуфт, ба он корхонаҳое, ки зиёда аз се ҳазор коргар доранд, дастур додааст, то барои кормандонашон хона созанд. Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт: "Агар се ҳазор коргар бошад ва ҳар оила шашнафарӣ узв дошта бошад, 18 ҳазор нафар мешавад. Оила меафзояд, фарзандон зиëд мешаванд, вазифаи ҷонии мо аст, ки ин корро кунем". Ӯ зикр кард, аз Хуҷанд то Истаравшану Панҷакент корхонаҳои калон ҳастанд, ки дар онҳо ҳазорон коргар фаъолият мекунанд, ки онҳо мутахассис ҳастанду оила ва ба дастгирӣ ниëз доранд. Ба гуфтаи раиси Суғд, дар ин самт аллакай корхонаҳо корбарӣ доранд.Аҳмадзода гуфт, иқдоми хонасозиро барои мутахассисон худи ҳукумати вилоят роҳандозӣ кардааст ва навоҳӣ низ оз он пайравӣ хоҳанд кард."Худи ҳукумати вилоят тасмим дорад, ки барои омӯзгорон ва табибони ҷавон солона то 100 хона созад. Дар шаҳру навоҳӣ низ ин иқдом татбиқ мешавад. Ҳоло лоиҳаҳо омода ва заминҳо низ ҷудо шудаанд", - гуфт раиси вилоят.Ба гуфтаи Аҳмадзода, маблағҳое низ барои бунëди хонаҳои иҷтимоӣ ҷудо шуда, он ройгон тақсим карда мешавад. Ҳадаф аз роҳандозии ин тасмим пешгирӣ аз муҳоҷиршавии мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла табибону омӯзгорон гуфта мешавад.
https://sputnik.tj/20220204/markaz-moshini-mushkili-tavaqqufgoh-1045489568.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/02/1039905616_156:0:1863:1280_1920x0_80_0_0_7e1898ec99aa552c2941ef0dc462232d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, корхона, бузург, хона, коргар
суғд, корхона, бузург, хона, коргар
Аҳмадзода корхонаҳои бузурги Суғдро муваззаф кард, то барои коргарон хона созанд
16:10 04.02.2022 (Навсозишуда: 18:52 04.02.2022) Корхонаҳои бузурги шимоли Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки барои кормандонашон манзили зист бисозанд
ДУШАНБЕ, 4 фев— Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд гуфт, ба он корхонаҳое, ки зиёда аз се ҳазор коргар доранд, дастур додааст, то барои кормандонашон хона созанд.
Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт: "Агар се ҳазор коргар бошад ва ҳар оила шашнафарӣ узв дошта бошад, 18 ҳазор нафар мешавад. Оила меафзояд, фарзандон зиëд мешаванд, вазифаи ҷонии мо аст, ки ин корро кунем".
"Мо ба корхонаҳо гуфтем, ки барои беҳтар кардани ваъи зиндагии коргаронатон онҳоро бо хонаҳо таъмин намоед",- таъкид кард Аҳмадзода.
Ӯ зикр кард, аз Хуҷанд то Истаравшану Панҷакент корхонаҳои калон ҳастанд, ки дар онҳо ҳазорон коргар фаъолият мекунанд, ки онҳо мутахассис ҳастанду оила ва ба дастгирӣ ниëз доранд. Ба гуфтаи раиси Суғд, дар ин самт аллакай корхонаҳо корбарӣ доранд.
Аҳмадзода гуфт, иқдоми хонасозиро барои мутахассисон худи ҳукумати вилоят роҳандозӣ кардааст ва навоҳӣ низ оз он пайравӣ хоҳанд кард.
"Худи ҳукумати вилоят тасмим дорад, ки барои омӯзгорон ва табибони ҷавон солона то 100 хона созад. Дар шаҳру навоҳӣ низ ин иқдом татбиқ мешавад. Ҳоло лоиҳаҳо омода ва заминҳо низ ҷудо шудаанд", - гуфт раиси вилоят.
Ба гуфтаи Аҳмадзода, маблағҳое низ барои бунëди хонаҳои иҷтимоӣ ҷудо шуда, он ройгон тақсим карда мешавад. Ҳадаф аз роҳандозии ин тасмим пешгирӣ аз муҳоҷиршавии мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла табибону омӯзгорон гуфта мешавад.