https://sputnik.tj/20220312/kosachyov-ima-tabaddulot-jml-jmd-1046734868.html
Косачёв дар бораи омодагии ИМА ба табаддулоти давлатй дар ҶМЛ ва ҶМД гуфт
Косачёв дар бораи омодагии ИМА ба табаддулоти давлатй дар ҶМЛ ва ҶМД гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сенатор Косачев истисноро ба таҳримҳои ИМА дар ҶМЛ ва ҶМД омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ номид.
2022-03-12T10:55+0500
2022-03-12T10:55+0500
2022-03-14T20:44+0500
има
ҷмл
ҷмд
табаддулот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102087/34/1020873474_0:0:3026:1702_1920x0_80_0_0_3fb1aa970dabbf1d28978dc0818033d6.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Ҷонишини раиси Шурои Федератсия Константин Косачёв аз таҳримҳои ИМА истисно шудани ҶМЛ ва ҶМД-ро омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ унвон кард. Вай қайд кард, ки Ҳукумати ИМА ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ барои дастгирии лоиҳаҳои башардӯстона, инчунин рушди демократия дар ҶМЛ ва ҶМД иҷозат додааст. Косачев ҳамчунин гуфт, Вашингтон ҳашт сол, замоне ки Киев ба тирандозии сею ним миллион шаҳрвандонаш дар Донбасс шуруъ кард, табаддулоти "Майдон"-ро қабул накард, зарурати ин корро надида буд."Гардиши нав чӣ маъно дорад? Раҳму шафқат нисбат ба одамон ногаҳон бедор шуд? Не, маҳз баръакс - Вашингтон ба омода кардани табаддулоти дигар шуруъ кард, ин дафъа дар ҶМЛ ва ҶМД-и мустақил. Иёлоти Муттаҳида дигар барои шумо "лоиҳаҳои башардӯстона" надорад". "Амалҳои муайян" дар роҳанд",- навиштааст сенатор дар канали "Telegram"-и худ.Русия рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки барои 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор гирифтанд".Ба ин ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва деазификатсияи Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангӣ, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" масъуланд, дар назар гирифта мешаванд.Рӯзи душанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард.Тавре ёвари раисиҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳо пайдо карданд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.Бо дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Русия, гурӯҳҳои низомии ҶМД ва ҶМЛ амалиёти ҳуҷумро вусъат медиҳанд. Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раиси ҷумҳури Русия.Мулоқоти дуюми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пушча баргузор шуд.Даври севуми музокироти Русияву Украина, ки рӯзи 7 март дар Беларус баргузор шуд, аммо барои ҳар ду ҷониб натиҷаи дилхоҳ надод.Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.Ҷонибҳо то ҳол рӯз ва макони мушаххаси мулоқоти навбатиро эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи узви ҳайати Русия, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия Леонид Слутский, он дар ояндаи наздик дар Беларус баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20220311/davati-bayden-peshgirii-jangi-seumi-jahon-rusiya-nato-1046730175.html
https://sputnik.tj/20220311/zhirinovskiy-amaliyot-russia-ukraine-1046716924.html
има
ҷмл
ҷмд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102087/34/1020873474_295:0:3026:2048_1920x0_80_0_0_ec863f61ae636d6055015de9cb6c5d03.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
косачёв има табаддулот ҷмл ҷмд
косачёв има табаддулот ҷмл ҷмд
Косачёв дар бораи омодагии ИМА ба табаддулоти давлатй дар ҶМЛ ва ҶМД гуфт
10:55 12.03.2022 (Навсозишуда: 20:44 14.03.2022) Ҷонишини раиси Шӯрои федератсия аз таҳримҳои ИМА истисно шудани ҶМЛ ва ҶМД-ро омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ номид
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Ҷонишини раиси Шурои Федератсия Константин Косачёв аз таҳримҳои ИМА истисно шудани ҶМЛ ва ҶМД-ро омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ унвон кард.
Вай қайд кард, ки Ҳукумати ИМА ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ барои дастгирии лоиҳаҳои башардӯстона, инчунин рушди демократия дар ҶМЛ ва ҶМД иҷозат додааст.
Косачёв ба Вазорати молияи ИМА дахл карда, қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида ба "амалиёти муайяне" иҷозат медиҳад, ки ба кумаки башардӯстонаи ҶМЛ ва ҶМД рабт доранд, масалан, лоиҳаҳои вобаста ба эҳтиёҷоти асосӣ, маориф ва демократия.
Косачев ҳамчунин гуфт, Вашингтон ҳашт сол, замоне ки Киев ба тирандозии сею ним миллион шаҳрвандонаш дар Донбасс шуруъ кард, табаддулоти "Майдон"-ро қабул накард, зарурати ин корро надида буд.
"Гардиши нав чӣ маъно дорад? Раҳму шафқат нисбат ба одамон ногаҳон бедор шуд? Не, маҳз баръакс - Вашингтон ба омода кардани табаддулоти дигар шуруъ кард, ин дафъа дар ҶМЛ ва ҶМД-и мустақил. Иёлоти Муттаҳида дигар барои шумо "лоиҳаҳои башардӯстона" надорад". "Амалҳои муайян" дар роҳанд",- навиштааст сенатор дар канали "Telegram"-и худ.
Русия рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки барои 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор гирифтанд".
Ба ин ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва деазификатсияи Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангӣ, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" масъуланд, дар назар гирифта мешаванд.
Рӯзи душанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард.
Тавре ёвари раисиҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳо пайдо карданд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Бо дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Русия, гурӯҳҳои низомии ҶМД ва ҶМЛ амалиёти ҳуҷумро вусъат медиҳанд. Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раиси ҷумҳури Русия.
Мулоқоти дуюми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пушча баргузор шуд.
Даври севуми музокироти Русияву Украина, ки рӯзи 7 март дар Беларус баргузор шуд, аммо барои ҳар ду ҷониб натиҷаи дилхоҳ надод.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Ҷонибҳо то ҳол рӯз ва макони мушаххаси мулоқоти навбатиро эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи узви ҳайати Русия, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия Леонид Слутский, он дар ояндаи наздик дар Беларус баргузор мешавад.