Пешгӯии болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон: чанд мешавад?

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкПечать денег на Пермской печатной фабрике
Печать денег на Пермской печатной фабрике - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон аз болоравии қурби пули русӣ хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро барои рӯзи душанбе эълон кард, ки тибқи он, қурби рубл каме боло меравад.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар барои рӯзи душанбе - 111 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин нишондод нисбат ба рӯзи ҷумъа ду сомонӣ (109 сомонӣ) бештар аст.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, каме коҳиш рафта, дар бозори арзи кишвар як евро 14.2896 сомонӣ пешгӯӣ шудааст. Рӯзи ҷумъа қурби пули аврупоӣ 14.3832 сомонӣ буд.
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устувор аст. Қурби 1 доллар дар бозори арзи кишвар 13 сомонӣ пешгӯӣ шудааст.
Здание Душанбе-плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Бонки миллӣ гуфт, чаро қурби доллар дар Тоҷикистон якбора гарон шуд
Ҳаммин тавр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои рӯзи душанбе чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 13.0000 то 13.0500 сомонӣ;
1 евро аз 14.2896 то 14.6500 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1110 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0