https://sputnik.tj/20220311/roh-dushanbe-chanoq-basta-1046725027.html
Роҳи Душанбе-Чаноқ дубора баста шуд: сабаб
Роҳи Душанбе-Чаноқ дубора баста шуд: сабаб
Sputnik Тоҷикистон
Офатхои табиии мунтазам боиси баста шудани яке аз роххои асосии республика гардид
2022-03-11T19:20+0500
2022-03-11T19:20+0500
2022-03-11T20:16+0500
роҳ
нақлиёт
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0b/1046721972_0:6:720:411_1920x0_80_0_0_f3e9446cc20a3d8d30e5321259d9c2ef.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Алоқаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дубора қатъ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуотии ширкати IRS, ки масъули нигоҳдории шоҳроҳ аст, дар ин ҷода дастикам 9 тарма фаромадааст.Дар ҳоли ҳозир бо кумаки техникаи вижа рафъи оқибатҳои тарма идома дорад. Хавфи фаромадани тармаҳои нав то ҳол боқӣ мемонад.Дафтари матбуоти IRS изҳори умедворӣ мекунад, ки ба зудӣ ҳаракат дар ин қитъаи роҳ боз мешавад.Гуфта мешавад, ки ҳама роҳҳои тозашуда бо маводи зиддилағзиш коркард карда шудаанд. Кормандони ширкат аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки то рафъи хатар аз сафар худдорӣ кунанд. Қаблан Ожонсии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дода буд, ки рӯзҳои наздик дар минтақа ҳавои ноустувор боқӣ мемонад.Ин пеш аз ҳама чунин вазъи ҳаво ба оғози фасли баҳор ва гармшавӣ вобаста аст.Ҳарорати баланд боиси об шудани барф дар кӯҳистон шуда, дар навбати худ боиси вайроншавии хок, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ва дигар обанборҳо ва фаромадани ярчу тарма мешавад.
https://sputnik.tj/20220201/chand-foiz-peshgui-havoshinoson-tojik-durust-1045388399.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0b/1046721972_0:0:720:540_1920x0_80_0_0_c2e35de1546d6dc27cf22576b58d204b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳ, душанбе, чаноқ, баста
роҳ, душанбе, чаноқ, баста
Роҳи Душанбе-Чаноқ дубора баста шуд: сабаб
19:20 11.03.2022 (Навсозишуда: 20:16 11.03.2022) Офатҳои табиӣ дигарбора боиси баста шудани яке аз роҳҳои асосии кишвар шуд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Алоқаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дубора қатъ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии ширкати IRS, ки масъули нигоҳдории шоҳроҳ аст, дар ин ҷода дастикам 9 тарма фаромадааст.
Дар ҳоли ҳозир бо кумаки техникаи вижа рафъи оқибатҳои тарма идома дорад. Хавфи фаромадани тармаҳои нав то ҳол боқӣ мемонад.
Дафтари матбуоти IRS изҳори умедворӣ мекунад, ки ба зудӣ ҳаракат дар ин қитъаи роҳ боз мешавад.
Гуфта мешавад, ки ҳама роҳҳои тозашуда бо маводи зиддилағзиш коркард карда шудаанд.
Кормандони ширкат аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки то рафъи хатар аз сафар худдорӣ кунанд.
Қаблан Ожонсии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дода буд, ки рӯзҳои наздик дар минтақа ҳавои ноустувор боқӣ мемонад.
Ин пеш аз ҳама чунин вазъи ҳаво ба оғози фасли баҳор ва гармшавӣ вобаста аст.
Ҳарорати баланд боиси об шудани барф дар кӯҳистон шуда, дар навбати худ боиси вайроншавии хок, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ва дигар обанборҳо ва фаромадани ярчу тарма мешавад.