https://sputnik.tj/20220311/shoygu-ikhtiyoriyon-sharq-nazdik-ozodsozi-donbass-1046712258.html
Шойгу: Ихтиёриён аз Ховари Миёна мехоҳанд, дар озодсозии Донбасс иштирок кунанд
Шойгу: Ихтиёриён аз Ховари Миёна мехоҳанд, дар озодсозии Донбасс иштирок кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири мудофиаи Русия дар бораи ихтиёриёне гуфт, ки хостори иштирок дар амалиёти низомӣ дар Украина шудаанд
2022-03-11T15:35+0500
2022-03-11T15:35+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
сергей шойгу
ихтиёрӣ
низомӣ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1c/1041947363_0:0:2501:1407_1920x0_80_0_0_7c90c2f36c8e5f82ead372211bcc7dd7.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия изҳори дошт, ки бештари дархостҳои иштирок дар амалиёти низомӣ дар Украинаро аз ихтиёриён аз Ховари Миёна наздик гирифтаанд. Ба иттилои вазир, аз ин минтақа беш аз 16 ҳазор нафар хостори иштирок дар озодсозии Донетску Луганск шудаанд. "Ба мо теъдоди зиёди дархостҳо аз довталабони иштирок дар ҳаракати озодисоози ҶХД ва ҶХЛ ворид мешавад, аммо нисбатан бештари онҳо аз кишварҳои Ховари Миёнаанд", - изҳор дошт Шойгу дар ҷаласиа Шӯрои амният. Ӯ пешниҳод кард, ки ҷонибдори вокуниши мусбат ба дархости ихтиёриён мебошад, чун онҳо ин корро на барои пул, балки барои кумак мекунанд. Президенти Русия Владимир Путин низ идеяи ҷалби ихтиёриён ба Украинаро ҷонибдорӣ кард. "Агар мебинед, ки одамоне ҳастанд ва мехоҳанд, ба таври ихтиёрӣ, бахусус на барои пул, биёянд ва ба мардуми Донбасс кумак расонанд, хуб, аз онҳо бояд истиқбол кард ва барои интиқол ба минтақаи ҷанг кӯчидан кумак",- гуфт вай дар мулоқот бо аъзои доимии Шӯрои амният.Ба гуфтаи сарвари Русия, "сарпарастони ғарбӣ" ҷамъоварии зархаридонро барои ширкат дар даргириҳо пинҳон намекунанд. "Онҳо ин корро ошкоро анҷом медиҳанд, ки тамоми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро сарфи назар мекунад", - гуфт ӯ.Владимир Путин ҳамчунин аз пешниҳоди вазири дифоъ барои интиқоли таҷҳизоти ғаниматӣ, танку аслиҳаи сохти ғарбӣ ба Донбасс пуштибонӣ кард.Маврид ба зикр аст, ки амалиёти низомӣ дар Украина 24 феврал оғоз гардида, феълан идома дорад.
https://sputnik.tj/20220310/saforati-ukraina-amrikoi-jang-rusiya-1046669597.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1c/1041947363_69:0:2292:1667_1920x0_80_0_0_05f84b2581f849dc8791de8e2096e3b9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шойгу, ихтиёрӣ, интиқол, хостор, донбасс
шойгу, ихтиёрӣ, интиқол, хостор, донбасс
Шойгу: Ихтиёриён аз Ховари Миёна мехоҳанд, дар озодсозии Донбасс иштирок кунанд
15:35 11.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Вазири мудофиаи Русия дар бораи ихтиёриёне гуфт, ки хостори иштирок дар амалиёти низомӣ дар Украина шудаанд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия изҳори дошт, ки бештари дархостҳои иштирок дар амалиёти низомӣ дар Украинаро аз ихтиёриён аз Ховари Миёна наздик гирифтаанд.
Ба иттилои вазир, аз ин минтақа беш аз 16 ҳазор нафар хостори иштирок дар озодсозии Донетску Луганск шудаанд.
"Ба мо теъдоди зиёди дархостҳо аз довталабони иштирок дар ҳаракати озодисоози ҶХД ва ҶХЛ ворид мешавад, аммо нисбатан бештари онҳо аз кишварҳои Ховари Миёнаанд", - изҳор дошт Шойгу дар ҷаласиа Шӯрои амният.
Ӯ пешниҳод кард, ки ҷонибдори вокуниши мусбат ба дархости ихтиёриён мебошад, чун онҳо ин корро на барои пул, балки барои кумак мекунанд.
"Бисёри онҳоро мо мешиносем. Ба мо дар мубориза бо ДИИШ* дар лаҳзаҳои душвортарин тайи 5 соли охир кумак кардаанд", - таъкид намуд вазири мудофиаи Русия.
Президенти Русия Владимир Путин низ идеяи ҷалби ихтиёриён ба Украинаро ҷонибдорӣ кард.
"Агар мебинед, ки одамоне ҳастанд ва мехоҳанд, ба таври ихтиёрӣ, бахусус на барои пул, биёянд ва ба мардуми Донбасс кумак расонанд, хуб, аз онҳо бояд истиқбол кард ва барои интиқол ба минтақаи ҷанг кӯчидан кумак",- гуфт вай дар мулоқот бо аъзои доимии Шӯрои амният.
Ба гуфтаи сарвари Русия, "сарпарастони ғарбӣ" ҷамъоварии зархаридонро барои ширкат дар даргириҳо пинҳон намекунанд. "Онҳо ин корро ошкоро анҷом медиҳанд, ки тамоми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро сарфи назар мекунад", - гуфт ӯ.
Владимир Путин ҳамчунин аз пешниҳоди вазири дифоъ барои интиқоли таҷҳизоти ғаниматӣ, танку аслиҳаи сохти ғарбӣ ба Донбасс пуштибонӣ кард.
Маврид ба зикр аст, ки амалиёти низомӣ дар Украина 24 феврал оғоз гардида, феълан идома дорад.